Жапаров хоҳиш кард, ки муҳоҷирони қирғиз дар Русия низ эмкунонда шаванд

Содир Жапаров, президенти навинтихоби Қирғизистон, аввалин сафари расмии худро ба Федератсияи Россия анҷом дода, бо Владимир Путин мулоқот намуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо оиди рушди ҳамкориҳои минбаъда, беҳтар намудани вазъи сиёсии дар дохили кишвар, мақоми давлатии забони русӣ ва дигар масъалаҳо гуфтушунид намуданд.

Аммо, чихеле ки маълум гардид, дар суҳбат бо “Российская газета” Жапаров гуфт, ки  масъалаи эмкунонии муҳоҷирони қирғиз дар баробари шаҳрвандони Россия бардошта шуд. Президент хоҳиш намудааст, ки дар барномаи худ муҳоҷирони қирғизро низ шомил кунанд.

Содир Жапаров гуфт, ки бо назардошти он, ки тибқи маълумоти расмӣ, беш аз 800 ҳазор шаҳрвандони Қирғизистон дар Русия зиндагӣ мекунанд, ки аксарияти онҳо комилан аз ҷиҳати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба ҷомеаи Русия муттаҳид шудаанд, ман хоҳиш кардам, ки коргарони қирғиз дар Русия ва аъзои оилаҳои онҳо ба барномаҳои эмгузаронӣ Русия шомил карда шаванд», — гуфт .

Содир Жапаров дар интихоботи президентии Қирғизистон моҳи январ, ки  дар натиҷаи ба истеъфо рафтани С.Жеенбеков баргузор гардид, сари қудрат омад.

Жапаров хоҳиш кард, ки муҳоҷирони қирғиз дар Русия низ эмкунонда шаванд

Путин бо президенти Қирғизистон дар чи масъала гуфтугӯ кард?

Мо дар Telegram