Зебоиҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи Британияи Кабир нишон дода мешаванд

13.04.21.2Аксбардори бритониёӣ Кристофер Уилтон-Стир дар намоишгоҳи «Роҳи абрешим: таърихи зинда», ки дар гулгашти Грэнери дар ноҳияи Кингс-Кросси Лондон ташкил шудааст, ба тамошобинон сайри маҷозиро дар масири Роҳи абрешим пешниҳод мекунад ва аз ҷумла манзараҳою ҷойҳои диданбоби Тоҷикистонро нишон медиҳад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дирӯз агентии «Sputnik» бо истинод ба «China Daily» иттилоъ додааст.

Зикр шудааст, ки ҳанӯз то пандемия, соли 2019 аксбардори бритониёӣ бо Роҳи кӯҳнаи абрешим аз Лондон то Пекин 40 ҳазор километрро тай кардааст. Зиёда аз чор моҳ Уилтон-Стир бо мошин, автобус, қатора, кема, асп ва шутур аз 16 кишвар гузаштааст.

Ҳамин сафар заминаи ташкили намоишгоҳи аксҳоро дар зери осмон бо мусоидати Бунёди Оғохон фароҳам овард.

Намоишгоҳ то 16 июн идома меёбад ва дар он зиёда аз 160 акс ба намоиш гузошта шудаанд. Аксҳо гуногунӣ ва фарҳанги кишварҳои воқеъ дар Роҳи абрешим — Эрон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Покистон, Ҳиндустон ва Чинро нишон медиҳанд.

«Аз давраи наврасӣ фикри Роҳи абрешим, тоҷирон ва сайёҳон, ки садҳо ё ҳазорҳо километрро дар ҳудудҳои тадқиқнашуда тай ва ҷаҳониёнро кашф мекарданд, хаёлоти маро тасхир карда буданд. Ман мафтуни Ховари Миёна, Осиёи Марказӣ ва Чин шуда будам ва пеш аз сафар дар бораи ин ҷойҳо бисёр хонда будам», — ҳикоят кард Уилтон-Стир.

Ин имконият замоне фаро расид, ки Уилтон-Стир дар Бунёди Оғохон ба кор шурӯъ кард. Барои иҷрои вазоифи хидматӣ Уилтон-Стир зуд-зуд ба Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ сафар мекард.

Уилтон-Стир мехост «гузаришҳоро байни кишварҳо ва фарҳангҳои мухталиф дар аксҳо мустанад кунад», фарҳангҳои мухталифро биомӯзад, шабоҳат ва умумияти онҳоро кашф кунад.

Аксбардор инчунин изҳори умедворӣ кард, ки корҳои ӯ метавонанд сатҳи огоҳиро дар бораи ҳунарҳои мардумӣ дар ҷомеаи муосир баланд бардоранд.

«Мутаассифона, аксарияти ҳунарҳои анъанавӣ бинобар истеҳсоли оммавии молҳо, афзоиши нархи ашёи хом ва ё тағйир ёфтани  талаабот зери хатар қарор доранд. Дар натиҷа, бисёре аз донишҳои вобаста ба онҳо, ки дар тӯли садҳо ва ҳатто ҳазорҳо сол аз насл ба насл интиқол меёфтанд, аз байн мераванд, ки ин фоҷиа аст. Ин ҳунарҳо моро бо гузаштаи худ васл мекунанд ва ба мо мегӯянд, ки мо кӣ  будем”, — гуфт аксбардори бритониёӣ.

ДАР АКС: ноҳияи Кингс-Кросси Лондон. Акси: keywordsbasket.com

Мо дар Telegram