Завқизода аз сафирони тоҷик хост, ки имконоти иқтисодии кишварро беҳтар муаррифӣ намоянд

Вазири рушди иқтисод ва савдо аз сафирони Тоҷикистон хост, ки барои тақвияту густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Душанбе бо кишварҳои хориҷ талош намоянд.

Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, рӯзи гузашта Завқӣ Завқизода бо сафирони Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ дар шакли видеоконфронс мулоқот барпо намуд.

Манбаъ  ҳадаф аз ин гуфтугӯро таъмин намудани намояндагиҳои дипломатӣ бо маълумоти мунтазам ҷиҳати муаррифии беҳтари имконоти тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон маънидод кардаву афзудааст, Завқизода дар ин видеоконфронс таъкид дошта, ки рушди ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои хориҷӣ барои Тоҷикистон афзалияти аввалиндараҷа дорад.

Вазири тоҷик ба сафирони кишвар ҳамчунин масъалаҳои муҳимми ҷойдоштаи низоми тиҷорат ва иқтисоди кишвар, натиҷаҳои рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллиро  муаррифӣ намудааст.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллиро моҳи гузашта тасдиқ карда буд. 

Тоҷикистон дар давроне, ки буҳрони молӣ ва  ноустувории бозори арз, ки аксар кишварҳои бузурги дунëро фаро гирифтааст, мехоҳад тиҷорати хориҷии худро густариш бидиҳад.

Қаблан Рустам Раҳматзода, профессори риштаи иқтисод, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон аз ҷумла таъкид дошта буд, ки Тоҷикистон дар ин давра бояд истеҳсоли он маҳсулотеро зиëд намояд, ки дар Русия талабот ба онҳо бештар аст.

Завқизода аз сафирони тоҷик хост, ки имконоти иқтисодии кишварро беҳтар муаррифӣ намоянд

Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Олии СММ оид ба паноҳандагон Филиппо Грандиро ба ҳузур пазируфт

Мо дар Telegram