Зарари бозиҳои компютерӣ

535Ҷаҳони муосиро бидуни компютер тасаввур кардан имкон надорад. Пас аз пайдо шудани компютер тағйироти куллӣ дар ҳаёти инсон ба амал омад ва имрӯз он дар ҳама соҳаҳо мавқеи худро ишғол карда, барои осонии кор кӯмак мерасонад. Яке аз паҳнгаштатарин усули заҳролуд кардани майнаи наврасон бо ғояҳои экстремистию террористӣ ва ҷиноятҳои дигар бозиҳои компютерӣ ба ҳисоб мераванд, ки қобилияти ҷалбкунандагӣ дошта, ҳатто калонсолонро метавонад ба доми худ кашад.
Волидонро лозим аст, ки барои фарзандонаш бозиҳои муфиди компютериро интихоб намоянд, то фарзандаш вақташро ба ҳар бозии бемаънии даҳшатангез сарф накунад. Равоншиносони кӯдакона ҳушдор медиҳанд, ки тамошои филму бозиҳои даҳшатангези компютерӣ ба асаби кӯдакон таъсири манфӣ расонида, онҳоро тарсончак ё баръакс сангдилу бераҳм месозад.
Аз ҳама бадаш он аст, ки дар як ҳафта ҳафт рӯз аз субҳ то шом ё нимаи шаб дар назди монитор нишастан касро аз ҷиҳати психологӣ ба компютер побанд карда мемонад. Вобастагии компютерӣ низ ба мисли нашъамандӣ ва шаробхурӣ як нав беморӣ буда, барои аз он халос шудан ба равоншинос муроҷиат намудан лозим меояд.
Барои он ки компютер ба саломатӣ ва руҳияи фарзандони шумо таъсири манфӣ нарасонад, дар курсии компютер нишастани фарзандонатонро ҳатман зери назорат гиред. Кӯшиш намоед, ки фарзандонатонро танҳо дар вақти муаян сари компютер нишаста бо бозиҳои манфиатовар машғул шаванд ва аз он маълумотҳоеро бтгтранд, ки барои омӯхтани илму дониш ва васеъ кардани ҷаҳонбиниашон чун обу ҳаво заруранд.

Муаллими кафедраи фанҳои дақиқ
ва техникии МДТ Коллеҷи милитсияи
ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
лейтенанти милитсия Ибрагимов Бахтиёр
қатории милитсия Шарифзода Муҳаммад

 

Мо дар Telegram