Занони қирғиз бар зидди арӯсдуздӣ эътироз баён намуданд

Дар Қирғизистон анъанае ҳаст бо номи арӯсдуздӣ ё «Ала-Качуу», ки баъди он духтар маҷбур мешавад, ки бо он ҷавон издивоҷ кунад.

Аммо, имруз зиёда аз 100 нафар дар Бишкек ба газди бинои ВКД баромада эътироз баён намуданд, ки ин анъана хотима ёбад зеро ки, ин бештар ба ҷиноят монанд аст ва барои ин амал бояд ҷазо дода шавад. 

Сабаби норозигӣ он мебошад, ки ҷавондухтари 27 сола дар натиҷаи дуздӣ барои издивоҷ бераҳмона ба қатл расонида шуда буд.

Ҷамъшудагон инчунин истеъфои вазири корҳои дохилиро ва инчунин ба ҷавобгарӣ кашидани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барои бефаъолиятӣ талаб намуданд.

Сарвазири ҷумҳурӣ Улукбек Марипов барои одамрабоён «ҷазои ногузири ҷиноӣ» талаб кард ва таъкид кард, ки ҷомеа бояд «ҳисси умумии таҳаммулнопазириро нисбат ба чунин ҳолатҳо» ташаккул диҳад.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷапаров ин парвандаро таҳти назорати шахсии худ гирифт.

Мо дар Telegram