Заминларза дар Тоҷикистон

 
Дар Тоҷикистон заминҷунби ба амал омад, ки қувваи он ба4,8 балл баробар буд. Ин маълумот аз Маркази зилзиласанҷии Академияи илмҳои Русия ба даст омад.

Коршиносон мегуянд, ки расо соати 03:31 дақиқаи шаб бо вақти Душанбе рух додааст.

Маркази зилзила Афғонистон мебошад ва дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Узбекистон эҳсос шуд. Маркзи заминларза аз Душанбе 181 км ва аз Тошканд 432 км дур буд. Дар Афғонистон 4,9 бал эҳсос шуд. Аз ҳолатҳои маргумир ва харобиҳо хабар дода нашудааст.

Мо дар Telegram