Заминларза дар минтақаи Рашт. Талафот нест

Заминларза дар минтақаи Рашт. Талафот нест

Субҳи рӯзи 8 феврали соли 2021, соати 08:33 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Чумҳурии Тоҷикистон, минтақаи Рашт, ноҳияи Лахш, замин ларзид.

Тибқи маълумоти дастрасшуда маркази зилзила 252 километраи шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе, 30 километр аз ноҳияи Лахш дур буда, қувваи он марказаш, деҳаи Чайлгани ҷамоати деҳоти Лахш 3 бал ва дар  маркази ноҳияи  Лахш 2 баллро ташкил додааст.

Дар  шаҳри  Душанбе заминларза  ҳис  карда  нашудааст.

Тибқи маълумоти сардори бахши Кумита дар  ноҳияи Лахш ягон талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст.

барчасп: 
Мо дар Telegram