Яке аз қуллаҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба номи Раҳим Масов гузошта шуд

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз қуллаҳои баландтарин ба номи таърихшиноси машҳур ва академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Масов гузошта шуд, хабар дод «Ҷумҳурият». Ин қуллаи кӯҳӣ дар ноҳияи Ишкошим ҷойгир буда, то ҳол номи «Ленинград»-ро дошт.

Олими машҳур дар тамоми қаламрави давлатҳои пасошуравӣ ва берун аз он бо мақолаҳои илмиаш ва мавқеи касбиаш хело шуҳрат дорад. Китобҳои Масов бо номи «Таърихи тақсимотм табарӣ» ва «Тоҷикон: бо муҳри «комилан махфӣ»- ро ба ҳамагон маълум аст.

 Аз соли 1988 то 2015 дар вазифаи директори институти таърихи қадим ва мардумшиносӣ Академияи миллии илмҳо к ва то охири умр дар осорхонаи қадима кор мекард. 

Раҳим Масов моҳи июни соли 2018 аз қайди ҳаёт гузашт.

Мо дар Telegram