Акси ӯ бо яке аз духтаракони хизматгораш аз Тоҷикистон, ки 5 сол боз дар хонаи ӯ кор мекунад, бори аввал аз ҷониби балеринаи рус Анастасия Волочкова нашр шуд.
Волочкова дар Инстаграм навиштааст, ки духтараки тоҷик бо номи Лола 5 сол боз дар хонаи ӯ кор мекунад ва дар ин муддат вай дар Русия се фарзанд ба дунё овардааст. Балерина нақл кард, ки кормандони ӯ амалан ҳамчун аъзои оилаанд.
«Ин як шахси олиҷаноб аст! Ва мо дар ваҳдат ва ҳамоҳангӣ зиндагӣ мекунем» навиштааст балеринаи рус.

Анастасия Волочкова дар навиштаҷоташ изҳори миннатдорӣ кард, ки вай хизматгори бовафо, ростқавл, ғамхор ва меҳрубон ба даст овардааст.