Вохӯрии вазири варзиши Русия бо сафирони ИДМ

Дар шаҳри Москва сардорони корпусҳои дипломатии кишварҳои ИДМ бо вазири варзиши Русия Олег Матисин баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ Тоҷикистонро Иммомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, муаррифи намуд.
Ин ҷамъомад бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ИДМ буд. Дар ин солгард Россия ҳуқуқи баргузор намудани нахустин Бозиҳои варзишии кишварҳои ИДМ-ро ба даст овард. Ин бозиҳо 4-11 сентябри соли 2021 дар шаҳри Казан баргузор мегарданд.
Денис Трефилов муовини Раиси кумитаи иҷроияи ИДМ гуфт, ки аввалин бозиҳои варзишӣ миёни кишварҳои ИДМ дар доираи нақшаи чорабиниҳо ва татбиқи стратегияи ИДМ ба нақша гирифта шудааст ва дар ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ тасдиқ шудааст.
Бозиҳо бояд соли 2020 баргузор мегаштанд, аммо бо сабаби хуруҷёфтани пандемияи коронавирус ба таъхир гузошта шуд.
Мо дар Telegram