Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо ҷавонон

1718Рӯзи 18-уми марти соли равон дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири корҳои дорҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо кормандони ҷавони ниҳоди мазкур баргузор гардид. 

Дар ҷараёни вохӯрӣ Вазири корҳои дорҳои дохилӣ қайд намуд, ки имрӯз ҷавонон дар меҳвари таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, баҳри рушди ин қишри ҷомеа пайваста дастуру супоришҳои мушахас дода, доимо таъкид менамоянд, ки нисбати ояндасозони кишвари азизамон, ки ҷавонон мебошанд, бетараф набошем. Маҳз ҳамин аст, имрӯз дар томоми мақомотҳои кишвар мутахассисони ҷавон мавқеи хосаро соҳиб гаштаанд. Дар доираи рушди касбият ва баланд бардоштани сатҳи илмии ҷавонон аз ҷониби давлату Ҳукумат ба таври доимӣ қорору фармонҳои алоҳида ба амал бароварда мешавад, ки ин аз ғамхориҳои Сарвари ҷавонпарвари кишварамон далолат медиҳад.
Бо назардошти ин ҳама ғамхориҳо имрӯз ҷавонони мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёт ташаббус нишон дода, барои ҷавобан ба ин ҳама таваҷҷӯҳ дар рафти фаъолияти хизматии худ бо ақлу хирад ва малакаи баланди касбияшон саҳмгузор мебошанд ва баҳри якпорчагии ин сарзамини аҷдодӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон устуворанд.
Мавсуф дар идома барои баланд бардоштани маҳорату малакаи касбӣ, ҷаҳонбинӣ ва баланд бардоштани савияи дониши кормандони милитсия пешниҳод намуд, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ озмуни “Хонандаи беҳтарини китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров” ва озмуни «Беҳтарин донандаи забонҳои хориҷӣ, англисию русӣ» баргузор карда шавад ва пеш аз баргузории озмунҳои мазкур курсҳои кутоҳмудат дар тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ба роҳ монда шавад, ки аз манфиат холӣ нест.

1719172017211722

Дар хотимаи вохӯрӣ байни Вазири корҳои дохилӣ ва кормандони ҷавони мақомоти корҳои дохилӣ суҳбати озоду самимӣ баргузор гардид, ки ҷавонон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ зикр карданд, ки аз мактаби мардонагии Пешвои миллат, гузаштагони сарбаланд ва родмардони асили Ватан, ки дар барқарор сохтани сохти конститутсионӣ саҳми назаррас доранд, дарси якдилию якдигарфаҳмӣ, созандагию ободкорӣ ва шуҷоату мардонагӣ омӯхта, барои дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои тамаддуну фарҳанги ғанӣ тамоми кӯшишу имкониятҳои худро истифода хоҳанд бурд.

Гул Маҳбуба, Муродзода Саидҷамол

Мо дар Telegram