Вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон

voxuri14 5

14 апрели соли 2021 вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат бо Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон Мишел Тарран баргузор гардид.

Дар оғози вохӯрӣ вазири фарҳанг меҳмононро хуш омадед гуфта, таъкид дошт, ки сиёсати фарҳангии кишвари мо дар меҳвари сиёсати некбинонаи «дарҳои боз» ва ҳидояту роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, имрӯз ҳамкориҳои фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ рушду тавсеа ёфта истодаанд. Таъкид карда шуд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи фарҳангии Тоҷикистон бо Фаронса дар пояи меъёрҳои байналмилалӣ бо эътибори манфиатҳои тарафайн асос ёфта, ҳамасола тақвият меёбад. Дар ин росто аз баргузории чандин чорабиниҳои фарҳангӣ ва табодули фарҳангӣ бо Фаронса то имрӯз ёдоварӣ гардид. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки соли ҷорӣ Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон дар Осорхонаи Гиймеи Фаронса таҳти унвони “Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ” аз 13 октябри соли 2021 то 10 январи соли 2022 ба нақша гирифта шудааст, ки алакай шартнома оид ба баргузории он аз ҷониби мудирони Осорхонаи Гийме, Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба имзо расидаанд. Айни замон омодагӣ ҷиҳати баргузории ин намоишгоҳ аз ҷониби Тоҷикистон идома дорад.

Сафир барои қабули дархости мулоқот аз вазири фарҳанг миннатдорӣ баён карда, аз густариши ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Фаронса изҳори қаноат. Мавсуф таъкид дошт, ки Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон дар Осорхонаи Гиймеи Фаронса таҳти унвони “Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ”, яке аз аввалин намоишгоҳҳои Тоҷикистон дар кишварҳои Аврупо мебошад, зеро ин намоишгоҳ дар он ҷо фарҳанг ва таърихи ғании миллати тоҷикро муаррифӣ менамояд.

Намоишгоҳи мазкур дар замони хеле мувофиқ баргузор мегардад, зеро дар ин муддат дар кишвари мо истироҳатҳои идона хеле зиёд ҳастанд, ки ин сафи тамошобинони фаронсавӣ ва сайёҳони хориҷиро зиёд хоҳад кард, таъкид намуд Сафир.

Зикр гардид, ки ҳоло корҳои омодагӣ ба ин намоишгоҳ дар Осорхонаи Гийме идома дорад. Инчунин қобили қабул хоҳад буд, ки дар ҳошияи намоишгоҳи мазкур дар Осорхонаи Гийме намоишгоҳи дигар дастовардҳои Тоҷикистон, аз ҷумла, зарфиятҳои сайёҳӣ, фарҳангӣ, рассомӣ, китобҳо, театру мусиқӣ ва ғайра ташкил карда шавад.

Дар хотима, вазири фарҳанг таъкид дошт, ки мо ҷонибдори рушду тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ бо Фаронса буда, тамоми пешниҳоду иқдомҳои сафоратро тибқи тартиби муқарраргардида корбарӣ хоҳем кард.

Дар умум вохӯрӣ дар сатҳи баланди тадорукотӣ ва ҳусни тафоҳуми ҷонибҳо анҷом ёфт.

voxuri14 1voxuri14 3voxuri14 2

Мо дар Telegram