Вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори Пажӯҳишгоҳи Шориқа оид ба мерос

e1ec906b-2cb0-4b14-8ee8-9b29b3595583
Бо ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои дипломатӣ бо Амороти Муттаҳидаи Араб соли 1995 барқарор гашта, ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун, аз ҷумла фарҳанг оғоз ёфтанд.

Рӯзи 25 марти соли равон дар шаҳри Шориқаи Амороти Муттаҳидаи Араб вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатзода Зулфия Давлат бо Директори Пажӯҳишгоҳи Шориқа оид ба мерос, доктор Абдулазиз ал-Мусаллам доир гардид.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар самти ҳифзу нигоҳдории мероси моддию ғайримоддӣ, ташриф овардани мутахассисони соҳавӣ, ташкили семинару конфронсҳо ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос баррасӣ гардиданд.

Доктор ал-Мусаллам қайд намуд, ки ҳайати фарҳангии Тоҷикистон дар Фестивали 18-уми мероси Шориқа аз рӯзи 27 март то 4 апрел иштирок менамояд. Ёдовар мешавем, ки соли 2019 ҳайати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фестивали 17-уми мероси Шориқа иштирок намуда буд ва Ҳокими Шориқа Шейх Султон ал-Қосимӣ ба гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон ташриф оварда, бо фарҳанги пурғановати Тоҷикистон аз наздик шинос шуд.

Рузҳои наздик вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти Вазорати фарҳанг ва кор бо ҷавонони Амороти Муттаҳидаи Араб дар назар аст.


6b08563e-2125-486a-a3f4-ae1c50544bf7
 9a66bbcd-ca05-4831-bd18-ee778fe570c9 c2643adf-b012-4d34-82b3-bffc3e701bb7

Мо дар Telegram