Вохӯрии консули нав дар вилояти Новосибирск бо Донишҷӯён

Консули навтаъини Тоҷикистон дар вилояти Новосибирск Ятим Давлатхоҷа ба Ректори Донишгоҳи давлатии Комсомоли лаби Амур Эдуард Дмитриев ва бо донишҷӯёни тоҷикистонӣ мулоқот намуд.

Зимни вохӯри консул бо Дмитриев дар масъалаҳои густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар самти маориф ва илм, сатҳи хониши ҷавонони Тоҷикистон суҳбат намуданд ва дар навбати худ Ятим Давлатхоҷа изҳори миннатдори намуданд. 

Ба гуфтаи  хабарнигори АМИТ “Ховар” дар вохӯри намояндагони вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Сибир Шералӣ Нуриддин ва Татяна Наливайко муовини ректори донишгоҳи мазкур оид ба таълиму тарбия иштирок намуданд.

Бояд қайд кунем, ки Донишгоҳи мазкур дар вилояти шарқии Русия Хабаровск ҷойгир аст ва дар ин Донишгоҳ ҷавонон бештар аз рӯи ихтисосҳои техникӣ ва муҳандисӣ таҳсил мекунанд ва шумораи онҳо ба 309 нафар мерасад.

Вохӯрии консули нав дар вилояти Новосибирск бо Донишҷӯён

Донишҷӯёни Донишгоҳи Славянӣ «Масленитса»-ро ҷашн гирифтанд

Мо дар Telegram