Вохӯрии ҳайати кории Роспотребнадзор бо кормандони Вазорати тандурустӣ

Гурӯҳи кории «Роспотребнадзор» дар ҳайати се нафар кормандони корхонаи федералии тиббии Институти илмӣ-таҳқиқотии зидди вабои Федератсияи Рeсия «Микроб» Кедрова Олга, Шарова Ирина ва Кирилл Марсоха бо муовини Вазири тандурустӣ, Самариддин Ализода вохӯрданд ва нақшаи кориро дар муддати санҷиш баррасӣ намуданд.

Гуфта мешавад, ки мутахассисони рус то 19 марти соли ҷорӣ дар Тоҷикистон қарор мегиранд ва бо табибони тоҷик якҷоя татқиқот ва мубодилаи афкор хоҳанд кард.

Мақсади ин ташриф омухтани вазъияти санитарию эпидемиологии Тоҷикистон мебошад, ки ба манфиати ҳар ду кишвар аст.

Ёдовар мешавем, ки натиҷаи санҷиши гузаронда дар гузориш замима шуда ба ҳукумати Русия ва Ситоди пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Русия пешниҳод шуда, аз рӯи он хулоса оиди иҷозати вуруди муҳоҷирон бароварда мешавад.

Мо дар Telegram