Вохӯрӣ бо узви Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Маҷлиси Намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1595

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузории сулҳу ваҳдвати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии узви Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Равшан Муҳитдин бо ҳайати роҳбарият, омȳзгорон ва курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гурдид.
Вохӯриро муовини сардори Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, полковники милитсия Саидзода З.А. бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, номзади илми ҳуқуқ, дотсент, узви Кумитаи қонунгузорӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Равшан Муҳитдин суҳбатро оид ба шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» идома дод. Раҷабзода Р.М. оид ба фаъолияти касбии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти мухтасар дода, сипас ба шарҳи қонуни зикргардида гузашт.
Дар рафти суҳбат Раҷабзода Р.М. нуқтаҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва аҳамияти он таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд. Дар рафти вохӯрӣ Раҷабзода Р.М. ба саволҳои зиёди иштирокчиёни вохӯрӣ ҷавобҳои қаноатбахш дода, бори дигар аҳамияти қабули қонуни зикргардидаро дар мустаҳкам намудани иқтидори мудофавии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд.

15961597

Дар фарҷоми вохӯрӣ муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, полковники милитсия Саидзода З.А. аз номи сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. ба Раҷабзода Равшан Муҳитдин барои чунин вохӯрии судманд ва дорои аҳамияти тарбиявӣ ва ватандӯстӣ изҳори сипос намуд.

Асламов Б., Сафарзода С.

Мо дар Telegram