Вохȳрии муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ бо курсантон

1546

Дар партави иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, шароитҳои мусоиди таълим вохӯрии муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо бо курсантон, шунававндагон ва омȳзгорони Академияи ВКД баргузор гардид.

1547

Мулоқотро муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода А.А. оғоз намуда, қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таълиму тарбияи кадрҳо, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Бо ибтикори ȳ шумораи мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус, мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар солҳои Истиқлолият афзуда бо тамоми таҷҳизоти муосир таъмин гардиданд. Мисоли барҷаста ва рушани он ифтитоҳи Академияи ВКД мебошад. Ҳамчунини Пешвои муаззами миллат дар мулоқоту вохӯриҳо ва Паёмҳои солона ба Маҷлиси Олӣ маорифро яке аз соҳаҳои калиди ҳисобида маблағгузориро ба он афзун намудааст. Эълон намудани 20-солаи омȳзиши илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ, гузаронидани озмунҳои «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ» аз иқдом ва ташаббусҳои Пешвои миилат дар баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии наврасону ҷавонони кишвар мебошад. Дар ин асос бо супориши Вазири корҳои дохилӣ дар муассисаҳои таълимии Вазорат аз ҷумла Академия ин чорабиниҳо роҳандозӣ гардидаанд, ки боиси баланд гардидани завқ ва масъулияти курсантону омȳзгорон гардид.

1548

Ҳамин тариқ, ҳангоми ҷамъбасти вохӯрӣ сардори Академияи ВКД номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ намуд, ки ин вохӯрӣ ба ҳамагон баҳри ташаккули руҳияи миллӣ, садоқат ба Ватан, Ваҳдати миллӣ, боло бурдани сатҳи таълиму тарбия мусоидат менамояд.

Асламов Б.С., Сафарзода С.Н.

Мо дар Telegram