Владимир Путин аз аҳволаш баъди эмкунӣ шарҳ дод

Владимир Путин Президенти Федератсияи Россия вояи дуюми ваксинаро ба худ гузаронд ва гуфт ки худашро хуб ҳис мекунад.

«Пайомади номатлубе нест ва умед дорам, ки намешавад», — таъкид кардааст президенти Русия.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, моҳи гузашта Владимир Путин худро зидди коронавирус эм карда буд, вале аз кадом ваксина маълумот дода нашуда буд. Имрӯз дуюм маротиба эм шуд.

Дар Тоҷикистон низ марҳилаи аввали эмгузаронӣ бо ваксинаи АстраЗенека идома дорад. Дар даври аввал қисмҳои осебпазирӣ ҷомеа эм карда мешаванд.

Владимир Путин аз аҳволаш баъди эмкунӣ шарҳ дод

Президенти Қазоқистон бо ваксинаи «Спутник V» эм карда шуд

Мо дар Telegram