Вазорати сохтмони Русия оиди эҳтиёҷ ба беш аз 1 млн коргар гуфт

Вазири сохтмон ва хоҷагии комуналии Русия Ирек Файзуллин оиди эҳтиёҷ ба 1,2 миллион муҳоҷирони меҳнатӣ хабар дод дар суҳбат бо хабарнигорон.  
Вазир мегӯяд, ки шумораи зиёди бинокорон, ки аз кишварҳои ҳамсоя омада буданд, бо сабаби коронавирус маҷбур шуданд аз Русия раванд. Ҳозир ба зуди ҷалби муҳоҷирони меҳнати имконнопазир аст ва ин масъала дар ҳоли баррасӣ қарор дорад. Барои оғоз намудани иншоотҳо ҳадди ақал 1,2 миллион коргари дигар ҷалб намудан лозим аст.
Инчунин Файзуллин қайд кард, ки аз декабри соли 2020 14 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон бо низоми соддашуда вориди Русия шуданд ва дар самти сохтмон кор ва фаъолият намуда истодаанд. Ҳамаи шароитҳои лозима барои таъмини назоратии санитарию эпидемиологиро ширкати корфармо тибқи қонунгузорӣ ба зимаи худ бояд гирад.
Тибқи супориши Президенти Русия Владимир Путин ба ҳукумат, то 1 марти соли 2021 низоми содда барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба сохтмон бо риояи талаботҳои санитарию эпидемиологӣ бояд пешниҳод мешуд.
Мо дар Telegram