Вазорати меҳнат: Русия омода аст, ки аз Тоҷикистон 20 ҳазор муҳоҷирро қабул кунад

Русия 20 ҳазор муҳоҷири тоҷикро интизор аст

Тоҷикистон аз Русия дархости интиқоли 20 ҳазор муҳоҷирро дарёфт кард: танҳо Ҳукумати Маскав аз Тоҷикистон 1,5 ҳазор нафарро интизор аст.

Русия омода аст, ки аз Тоҷикистон 20 ҳазор муҳоҷирро қабул кунад, хабар медиҳад РИА Новости дар истинод ба муовини вазири муҳоҷирати Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ.

“То имрӯз мо аз Русия дархости интиқоли 20 ҳазор муҳоҷирро тариқи истихдоми созмонӣ пайдо кардем”, – гуфтааст муовини вазир.

Дар ҳамин ҳол, танҳо ба вилояти Краснодарск 10 ҳазор муҳоҷир барои соҳаи сохтмон дархост карда мешавад.

“Дархост аз Русия ба қувваи корӣ аз Тоҷикистон гуногун аст: аз коргар дар соҳаи сохтмон то бофандагону мутахассисони технологияи хӯрокворӣ”, – таъкид кардааст Нозирӣ.

Ба қавли ӯ, дархост аз худи кордиҳандагон ба вазорат ва Агентии кор дар хориҷа ворид мегарданд.

“Асосан кордиҳандагоне муроҷиат мекунанд, ки бо муҳоҷирони мо то замони пандемӣ кор мекарданд”, – афзудааст муовини вазир.

Аз бонкҳои Тоҷикистон “Андоз аз Google” намеситонанд

“Андоз аз Google”, ки дар Тоҷикистон ҷорӣ шудааст, дар ташкилотҳои қарзӣ нофаҳмиҳои зиёдеро ба миён овард. Ташкилотҳо нигарон буданд, ки онҳоро ҳамчун агенти андоз мешиносанд ва баъдан маҷбур мешаванд, ки аз амалиёти хадамоти электронӣ андоз пардохт намоянд. Баъзе ташкилотҳо ҳатто амалиётеро, ки ба хариди ягон хидмати электронӣ марбут аст, муваққатан қатъ карда буданд

Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон аз Кумитаи андоз хоҳиш кард, ки ба саволҳои намояндагони худ посух диҳад.

Асосан, намояндагони бонкҳо хостанд бидонанд, ки бояд барои пардохти хадамоти электронӣ ё таблиғ дар шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон 18% андоз аз арзиши иловашударо кӣ пардохт намояд.

Хулоса, ин ба бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ ҳеҷгуна иртибот надорад, аммо шахсони ҳуқуқие, ки хадамоти электронӣ мегиранд, мустақилона андоз аз арзиши иловашударо месупоранд.

Шакли пурраи саволу ҷавоби Асотсиатсияи Ташкилотҳои Маблағгузории Хурди Тоҷикистон ва Кумитаи андозро дар бахши русии сомонаи “Your.tj” метавонед мутолиа намоед.

Вазири тоҷик шарти Русияро барои аз сар гирифтани парвозҳои доимӣ шарҳ дод

Мақомоти Русия гуфтаанд, баъди арзёбии вазъи эпидемиологӣ ва дар сурати собит шудани набуди СОVID-19 дар Тоҷикистон масъалаи аз сар гирифтани парвозҳои муназзам ба Русияро баррасӣ мекунанд.

Ширин Амонзода, вазири меҳнат рӯзи 11-уми феврал дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар ҷаласаи ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Русия дар рӯзҳои 8 ва 9-уми феврал, ки ӯ низ дар он ширкат доштааст, ҷониби Русия исрор кард: “Бо фиристодани як комиссияи босалоҳият ва аз назар гузарондани вазъият, масъалаи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистонро бознигарӣ мекунанд.”

Ширин Амонзода ҳамчунин гуфт, ки дар ду моҳи ахир дар Тоҷикистон “ягон мавриди гирифторӣ ба бемории COVID-19 сабт нашудааст.” Вазири меҳнат гуфт, аз ширкатҳои Русия дархостҳои зиёд барои ҷалби муҳоҷирони тоҷик гирифтаанд, вале “ба сабаби баста будани марзҳо ва мунтазам набудани парвозҳо ва иҷозати вуруд надоштани шаҳрвандони аксар давлатҳо, иҷрои ин кор ғайриимкон аст.”

Русияву Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2020 барои роҳ надодан ба сирояти коронавируси нав парвозҳои муназзами ҳавопаймоҳо байни ҳамдигарро қатъ карданд.

Як мард дар Ҳисор ба иттиҳоми таҷовузи як ноболиғ боздошт шудааст

Як марди сокини Ҳисор ба иттиҳоми таҷовузи як писарбачаи ноболиғ боздошт шудааст. Масъулони маҳаллӣ дар Ҳисор гуфтанд, ки ҳодиса тақрибан 10 рӯз қабл дар Регар рух додааст. Дар робита ба ин ҳодиса то кунун хабари расмӣ нашр нашудааст.

Дар Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ҳисор аз шарҳи бештари ҳодиса худдорӣ карданд. Навбатдори Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ҳисор рӯзи 11-уми феврал дар тамоси кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир дар нисбати ин мард парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот аз сӯи додситонии ин шаҳр пеш бурда мешавад. Ба гуфтаи манбаъ, ин мард ҳоло дар боздошт қарор дорад.

Моҳе пеш як гурӯҳ аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз раисҷумҳур ва раҳбарони ду палатаи порлумон хостанд, ки ҷазоро барои бадахлоқӣ нисбат ба ноболиғон сахттар кунанд. Дар зери муроҷиатнома 54 созмону шахсони алоҳида имзо гузоштанд.

Дар Тоҷикистон 153 хуки ваҳширо шикор кардаанд

Агентии ҷангали Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки дар як соли гузашта шикорчиёни тоҷик кадом ҳайвонҳоро шикор карданду аз ҳисоби он ба буҷа чанд пул ворид шудааст.

Ба гуфтаи Абдуғаффор Ҷалилов, сардори шӯъбаи шикори Агентии ҷангали Тоҷикистон, муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал давоми сол ду намуд шикор – варзишӣ ва ҳавасмандӣ гузаронид, ки дар натиҷа 4922 ҳайвону парранда шикор карда шуданд.

Вай афзуд, дар давоми сол 434 роҳхатҳои ширкори ҷамъияти шикорчиён ба давталабон пешниҳод карда шуд.

“Дар умум 3 сар бузи кӯҳии сибирӣ , 153 сар хуки ваҳшӣ, 2067 харгӯш, кафтар – 1255, мурғобӣ – 1291, ғоз – 117, 34 – суғур ва 2 қашқалдоқ шикор карда шуданд”, – таъкид кард Ҷалилов.

Сардори шӯъба, ки додани иҷозатнома ба шикори ҳайвонҳои нодир, ки дар Китоби сурх дарҷ гардиданд, дар ваколати шӯъбааш нест, балки онро Кумитаи ҳифзи муҳити зист назорат мекунад.

“Даҳҳо духтари тоҷикро бурданд, намедонем, бо онҳо чӣ карданд”

Сафири Тоҷикистон дар Кувайт мегӯяд, пандемияи коронавируси нав имкон надод, занону кӯдакони тоҷикро аз урдугоҳҳои Сурияро ба кишвар баргардонанд. Урдугоҳҳое, ки ба гуфтаи Созмони Милал ва занони тоҷик вазъи тоқатфарсое доранд.

Сумая яке аз ин занон ба Радиои Озодӣ гуфт, “Даҳҳо духтарони тоҷикро аз урдӯгоҳ ба зурӣ бурдаанд. Мо намедонем, бо онҳо чӣ карданд ва тақдири онҳо чӣ шуд.” Зубайдулло Зубайдзода рӯзи 9-уми феврал дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар воқеъ моҳи декабр худаш шоҳиди аҳволи бади паноҳҷӯён шуд ва мақомот саъй доранд, “то охирин касеро, ки мехоҳад, ба ватан баргардад”, ба Душанбе биёранд.

Сафир афзудааст, пандемия ҳам сабаби ба таъхир афтодани бархе корҳои омодасозӣ шуд, вале сарфи назар аз ин ҳукумати Тоҷикистон талош дорад, то охирин шаҳрвандеро, ки мехоҳад баргардад, интиқол диҳад.

Сообщение Вазорати меҳнат: Русия омода аст, ки аз Тоҷикистон 20 ҳазор муҳоҷирро қабул кунад появились сначала на YOUR.

Мо дар Telegram