Вазири маориф: Дар мактабҳои тоҷикӣ 65 муаллимони русӣ намерасанд

Зимни ҳисоботи матбуотии солона вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода аз мушкилоти норасоиҳои муаллимон дар мактабҳои кишвар сухан гуфт.

Новобаста аз созоишномаи Тоҷикистону Русия оид ба таъмин намудан бо муаллимони забони русӣ ва ҷалби чунин, дар кишвар ҳануз норасоии муаллимони русӣ эҳсос карда мешавад.
Вазир гуфт, ки дар мактабҳои тоҷикӣ, 65 муаллимони русӣ, 98 муаллимони англисӣ, 179 муаллимони фанҳои дақиқ намерасанд.

Моҳи октябри соли ҷорӣ 50 муаллимон аз Федератсияи Русия барои кор дар мактабҳои Тоҷикистон ташриф овардан ва онҳоро дар мактабҳои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кулоб, Бохтар ва Турсунзода тақсимот намуданд. 

Мо дар Telegram