Вазири хориҷаи Эрон аз густариши ДИИШ дар Афғонистон нигаронӣ намуд

Вазири корҳои хориҷаи Эрон Ҳусейнамир Абдуллоҳиён дар нишасти кишварҳои ҳамсояи Эрон дар Чин гуфт, ки ДИИШ дар Афғонистон дар пайи сарбозгирӣ ва тақвияти нерӯҳояш аст. Ба гуфтаи ӯ, нигаронии ҷиддӣ дар хусуси густариши терроризм дар минтақа вуҷуд дорад.

Нишасти Вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба шумули Чин ва Русия дар кишвари Чин баргузор гардид. Дар ин нишаст, ки Вазири корҳои хориҷаи Толибон*  (*Ҳаракати террористӣ) Амирхон Муттақӣ низ ширкат мекард, масоили марбут ба вазъияти Афғонистон ва роҳҳои расонидани кӯмакҳои иқтисодиву башардӯстона баррасӣ гардид.

Дар ин нишаст Вазири корҳои хориҷаи Эрон Ҳусейнамир Абдуллоҳиён нақши ҳамсояҳо дар овардани сулҳ ва субот дар Афғонистонро муҳим дониста, таъкид намудааст, ки бесуботӣ ва густариши терроризм дар ин кишвар метавонад ба сулҳу субот ва амнияти кишварҳои ҳамсоя таъсири мустақим дошта бошад.  

“Мо бораи густариши терроризм дар Афғонистон нигаронем. Густариши фаъолиятҳои ДИИШ, ҷазби неру аз Афғонистон ва бархе кишварҳои минтақа ва иқдомҳое, ки ДИИШ барои омӯзиши нерӯҳои худ дар шимоли Афғонистон анҷом медиҳанд, ҳушдордиҳанда аст” — гуфтааст Вазири корҳои хориҷаи Эрон.

Ҳусейнамир Абдуллоҳиён ташкили давлати фарогир ва ҳамашумул бо ҳузури тамоми ақвом, гурӯҳҳо ва занонро ягона роҳи таъмини субот ва амният дониста, чунин таъкид кардааст: “Дини Ислом ҳузури занон дар ҳама арсаҳоро ҳаққи мусаллами онон медонад ва лозим аст, ки бар аҳамияти нақши занон дар ҷомеаи мусалмон таъкид шавад”.

Ин сеюмин нишасти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бо ҳузури Вазири хориҷаи Толибон Амирхон Мутаққӣ аст, ки баргузор мешавад. Ин нишаст дар ҳоле баргузор мешавад, ки то кунун ҳеҷ кишваре Толибонро ба расмият нашинохтааст. Вазири корҳои хориҷаи Толибон дар расми гирифтани акси гурӯҳии Вазирони хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳузур наёфт ва расонаҳо навиштанд, ки ӯро барои расмгирӣ иҷоза надодаанд.

Вазири хориҷаи Эрон аз густариши ДИИШ дар Афғонистон нигаронӣ намуд

Толибон пахши барномаҳои “Би-би-сӣ” ва “Садои Амрико”-ро дар Афғонистон қатъ кардаанд

Мо дар Telegram