Вакилон ба тарғиби паёми Президенти Тоҷикистон мераванд

Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имсол ба таъхир афтод ва ба ҷойи моҳи декабр 26 январ гузашт.
Вакилони мардумӣ тӯлӣ 10 рӯз аз 15 март то 25 марти соли ҷорӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат тақсим шуда, нуқтаҳои ососии дар паём зикршударо тарғибу ташвиқ мекунанд. 
Раиси палатаи поёнии парлумон, инчунин ба вакилон дастур додааст, ки ақидаи шаҳрвандонро оиди раванди қонунгузорӣ, вазъи иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва мушкилиҳои интихобкунадагонро пурсон шаванд.
Солҳои қабли дар чунин сафарҳои тарғиботӣ дар баробари вакилон боз зиёиён, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ иштирок мекарданд.
Мо дар Telegram