Ӯзбекистонро интихоботи президент интизор аст

Аввалин муҳлати президентии Шавкат Мирзиёев ба охир расид ва акнун кишварро дар ояндаи наздик интихоботи нав интизор аст. Муовини аввали раиси парлумони Узбекистон Акмал Саидов 24 октябри соли 2021-ро рузи интихобот эълон намуд. 

Акнун палатаи қонунгузор 5 феврал бояд ин лоиҳаи қонунро тасдиқ кунад.

Аввалин муҳлати пурҳосили Шавкат Мирзиёев ба анҷом расид ва ӯро мебояд як бори дигар боварии интихобкунандагонашро ба даст орад.

Бояд қайд кунем, ки сарояндаи машҳури узбек Ҷаҳонгир Отаҷонов низ оиди гузоштани номзадии худ дар ин интихобот эълон намуд ва гуфт, ки ягон эътирозе ба ҳукумати ҳозира надорад.

Дар Ӯзбекистон интихобот ҳар 5 сол гузаронда  мешавад ва дар охирин интихоботи 4 декабри 2016 Шавкат Мирзиёев пирӯз шуд.

Ӯзбекистонро интихоботи президент интизор аст

Музокироти Тоҷикистону Ӯзбекистон дар масъалаи сарҳад

Мо дар Telegram