Ӯзбекистон хати интиқоли барқи «Гузар-Регар»-ро таъмир мекунад

Ӯзбекистон нақша дорад, ки барои беҳтар намудани корӣ хатҳои интиқоли барқ корҳои таъмирӣ аз ҳисоби Бонки Рушди Осиё гузаронад. Буҷаи лоиҳа 25 миллион доллар мебошад, хабар медиҳад вазорати энергетикаи Тоҷикистон.
Хати интиқоли барқи «Гузар-Регар» иқтидори 500 кв дошта дарозиаш 63,5 километрро ташкил медиҳад.
Ба сомон расонии ин лоиҳаро ширкати пудратчии чинӣ Shanghai Electric Power Transmission & Distribution ба уҳда гирифтааст ва то охири соли 2021 корҳои таъмири тибқи нақша бояд ба анҷом расад.
Инчунин бояд қайд кунем, ки вазири корҳои хориҷии Узбекистон Абдулазиз Комилов бо сафари 3 руза дар Душанбе қарор дошт ва дар ин вохӯриҳо масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, амнияти минтақиву дохилӣ ва ҳамкориҳо дар созмонҳои байналмилалӣ барраси шуданд. Вазир инчунин аз номи Шавкат Мирззиёев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Тошканд даъват намуд.

Мо дар Telegram