Туҳфаи Пешвои миллат — китоби «Тоҷикон» дастраси сокинони ноҳияи Сангвор гардид

Sangvor.-Korvoni-kitob-1Дар асоси дастуру  супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корвони китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба ноҳияи Сангвор расид.

Ин туҳфаи гаронарзиш, ки ба баланд бардоштани хештаншиносӣ ва ҳувияти миллии ҳар шаҳрванди мамлакат равона гардидааст, бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба 3000 оилаи  ҷамоатҳои деҳоти  Сангвор расонида шуд. Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Сангвор  Шодӣ Раҳмонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Қабули туҳфаи навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳияро рӯҳбаланд гардонид ва онҳо  иброз доштанд, ки “фарзандони мо ва насли наврас дар натиҷаи хондани ин китоб аз таърихи гузаштагони худ огоҳ гардида, бо меҳри ватандӯстонаю меҳанпарастона оянда дар рушди Тоҷикистони азиз саҳми арзанда мегузоранд”.

Ёдовар мешавем, ки нашри китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров соли равон сурат гирифт. То ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Пешвои миллат ин китоб бояд ба ҳар сокини кишвар тақдим  карда шавад.

Мо дар Telegram