“Тоҷикматлубот” ҳаҷми захираи озуқавориро эълон кард

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имсол зимни суханрониҳо вобаста аз вазъи иқтисодии ҷаҳон ва буҳрони иқтисодии пешгуи шудаи мутахассисон, ба мардум мегуфтанд, ки захира кунанд. 

Ҳукумат бошад ҳамаи ҷораҳои заруриро андешида дар анборҳои давлатӣ маҳсулоти ғизоиро барои 2 захира намуда истодааст. 
Раиси “Тоҷикматлубот” Идиев Хусайн хабар дод, ки дар 45 анборҳои ҷумҳурӣ 2364 тонна  маҳсулоти кишоварзӣ захира шудааст, ки 703 тоннаи онро картошка ташкил медиҳад. Инчунин оиди 155 ҳазор қутти маҳсулотҳои консервашудаи истеҳсоли ватанӣ низ гуфта шуд.

Хотиррасон мекунем, ки имсол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нархи баъзе маҳсулотҳо аз қабили шакар, орд, равған, гушти мурғ, тухм аз 15 то 20 % боло рафтанд. Нархи маҳсулотҳои картошка ва пиёз бошанд одатан дар мавсими зимистон ба 20% гарон мешаванд ва баъд аз ғун доштани ҳосили аввал поён меравад.

“Тоҷикматлубот” ҳаҷми захираи озуқавориро эълон кард

Вазири маориф: Дар мактабҳои тоҷикӣ 65 муаллимони русӣ намерасанд

Мо дар Telegram