Тоҷикистон ва Қирғизистон имконоти ҳалли баҳсҳои марзии давлатиро баррасӣ карданд

Рӯзҳои 16-17 март ҷаласаи навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар делимитатсия ва демаркатсия дар шаҳри Гулистони сарҳади муштараки вилояти Суғд баргузор гардид, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон. 

Хабар дода мешавад, ки ҷониби Тоҷикистонро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Саймумин Ятимов намояндагӣ кард. Роҳбари ҳайати Қирғизистон Камчибек Ташиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ буд.

 «Дар ҷараёни мулоқот оид ба масъалаи делимитацияи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон мубодилаи афкор сурат гирифт», — гуфта мешавад дар вебсайти вазорат. Қайд карда шуд, ки мулоқот дар фазои дӯстона гузашт. 

Масъалаи сарҳадиТоҷикистону Қирғизистонро ду кишвар аз соли 2002 инҷониб ҳал мекунанд, дар ҷараёни гуфтушунидҳо 60% ҳудуд муайян карда шуд, аммо як бахши калон ҳанӯз ҳам номуайян боқӣ мондааст.

Тоҷикистон ва Қирғизистон имконоти ҳалли баҳсҳои марзии давлатиро баррасӣ карданд

Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо сафири Русия дар Тоҷикистон

Мо дар Telegram