Тоҷикистон дар руйхати FIFA 1 зина боло рафт

Тими мунтахаби футболи Тоҷикистон дар раддабандии навӣ FIFA як зина боло рафт хабар медиҳад ФФТ. Дар охирин раддабандӣ тими миллӣ бо 1143 имтиёз мақоми 121 ишғол мекард ва имрӯз бошад баъд аз ба даст овардани 1 имтиёзӣ дигар як зина боло рафт.
Охирин бозиҳои дустона бо тими миллии Урдун, ки дар шаҳри Дубай баргузор гардид Тоҷикистон як бохт 0:2 ва бо як ғалаба 1:0 мақоми худро тағйир дод.
Дар раддабандии кишварҳои Осиёи бошад Тоҷикистон дар ҷойи 22 қарор дорад.
Ногуфта намонем, ки тарбияи футболбозони ҷавон низ дар кишвар хуб ба роҳ монда шудааст, ки дар оянда таъсири худро ба тими асосӣ хоҳад расонд. 
Дастаи наврасони ио 17 солаи Тоҷикистон (U-17) дар Ҷоми Рушд-2021 ғолиб омад.

Мо дар Telegram