Тоҷикистон ба Ҷоми Ҷаҳон 2022 наздик шуд

Шоми гузашта, дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии футбол, дар даври интихобӣ, миёни дастаҳои Тоҷикистону Муғулистон доир гардид, ки дастаи мизбон бар меҳмонон 3-0 пирӯзӣ ба даст овард.
Голҳоро Манучеҳр Ҷалилов, Алишер Ҷалилов ва Шаҳром Самиев ба самар расонданд. Акнун тими Тоҷикистон бо 10 имтиёз дар ҷойи дуюм қарор дорад ва дар ҷойи якум тими Ҷопон бо 12 имтиёз.

Дар гурӯҳи “F” боз тимҳои Қирғизистон бо 7 имтиёз, Мянма 6 ва Муғулистон бо 3 имтиёз низ шомиланд.

Бозии навбатии Тоҷикистон бар дастаи Ҷопон моҳи июн доир мегардад. 
Футболбозони мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Муғулистон мутлақо пирӯз шуданд.
Хотиррасон мекунем, ки ин сафар ҳангоми бозӣ мухлисони футбол низ дар ҳаҷми 9300 нафар иштирок намуданд.
Мо дар Telegram