Тоҷикистон ба бозӣ бо Муғулистон омода аст

Тими миллии Тоҷикистон санаи 25 март барои дарёфти роҳхат ба Ҷоми Ҷаҳон-2022 дар даври интихобии гурӯҳи «F» бо тими миллии Муғулистон бозӣ мекунад, хабар медиҳад ФФТ.

Барои иштирок дар ин бозӣ ҳамаи бозингарон аз дастаҳои худ ҷамъ омаданд, аз он ҷумла Табрези Давлатмир аз («Нарва Транс», Эстония), нимҳимоятгар Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Болгария) и ҳамлагар Шахром Самиев («Динамо-Авто», Молдова).

То санаи 25 март тими миллӣ як чанд тамринҳо гузаронида бар зидди ҳарифи худ тактикаи бозиро интихоб мекунанд.

Бозии мазкур бо иштироки мухлисон дар ҳаҷми 10 ҳазор нафар мегузарад. Замони баргузорӣ 18:00 ва нархи чипта 20 сомонӣ мебошад.

Тоҷикистон ба бозӣ бо Муғулистон омода аст

Ҳабиб Нурмагомедов мақоми чемпиониро озод намуд

Мо дар Telegram