Тоҷикистон аз пандемия дар соҳаи боркашони 300 млн. сомонӣ зарар дид

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни мусоҳибаи худ бо хабарнигорон оиди ҳолати соҳаи боркашониро дар кишвар шарҳ дод. 

Ба гуфтаи вазир пандемияро ҳеҷ кас пешгӯи карда наметавонист ва пешбини кунад ва аз ҳамин сабаб соҳаи нақлиёти тамоми кишварҳо низ дар ин давра зарар дидааст. Беш аз 272 млн. сомонӣ танҳо дар самти боркашонии автомобилгард ва 28,9 млн. сомони соҳаи мусофиркашони зарар дидааст.

Дар баробари ин дар ин муддат афзоиши боркашонӣ тавассути роҳи оҳан ба назар расидааст, ки онро 6,3 млн. тоннаро ташкил дод, қайд мекунад вазири нақлиёти Тоҷикистон.

Ҳамзамон, ба ғайр аз ин масъала, боз оиди лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани “ТАТ” Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон шарҳ дода шуд. Дар ин масъала вазир гуфт, ки Тоҷикистон аз уҳдаи худ даст накашидааст ва роҳҳои ҷалби сармояро барои анҷом додани қисми ҷудошудаи худ андешида истодааст. Барои Тоҷикистон 128 $млн лозим меояд. Дар маҷмуъ масоҳати умумии лоиҳа аз 500 км иборат аст.

Тоҷикистон аз пандемия дар соҳаи боркашони 300 млн. сомонӣ зарар дид

Тоҷикистон дар машқҳои ҳарбӣ 2021

Мо дар Telegram