Тоҷикистон 1 моҳ боз бе коронавирус

Охирин сироятшудагон аз бемории сироятии Covid-19 дар Тоҷикистон охирин бор дар аввали моҳи январ ба қайд гирифта шуда буданд. Дигар дар ин муддат ҳолатҳои нав ошкор нашуданд ва боқимонда беморон аз беморхонаҳо баъд аз шифоёбӣ ба хонаҳояшон ҷовоб шуданд. Акнун 1 моҳ мешавад, ки Тоҷикистон ҳолатҳои нави сироятшавӣ надорад.

Аз 30 апрели соли 2020 то имрӯз 13308 нафар бемор шуданд ва 90 нафар ҳалок шуданд. Эмомалӣ Раҳмон президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар паёми солонаи худ ба Маҷлисӣ Олӣ эълон намуданд, ки Коронавирус дар кишвар нест. Аз 1 феврал масҷидҳо боз шуданд.

Туркманистон, ки дар ин кишвар ҳолатҳои сироятшваӣ ошкор нашудааст, ваксинаи ихтирои “Спутник V” сабт намуда, эълон кард, ки аз 16 феврал эмгузаронии аҳолӣ оғоз меёбад.

Тоҷикистон 1 моҳ боз бе коронавирус

Ваксинаи “Спутник V” дар Эрон низ сабт гардид

Мо дар Telegram