Тоҷикдухтар дар тими Ҷо Байден

Имрӯзҳо қаҳрамони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон Дилафруз Хоникбоева мебошад, ки бо дастоварди касбии худ ҳамаро дар ҳайрат овардааст. Дилафруз, ки 25 сол қабл ба Амрико бо падару модараш куч баста буд, имрӯз ба дастаи Президенти навинтихоби ИМА Ҷо Байден ба кор даъват шудааст.

Дилафруз зодаи Тоҷикистон буда, дар солҳои ҷанг аз Тоҷикистон фирор кардааст ва худро низ тоҷикдухтар меҳисобад. Дилафруз ба ҳайси мушовири калони сиёсии барномарезӣ ва сиёсатгузорӣ ва омӯзиши USAID ба ҳукумати Байден-Ҳарри даъват шуда, аллакай савганд ёд кард ва корро оғоз намудааст. 

“Ман қудрати ёриро медонам: Ёрӣ ба хонаводаҳои мисли ман зиндамонда. Зеро мо ҳам ҷанги дохилиро пушти сар кардем. Ман ҳамчунин ҳудудҳои нобинои онро низ медонам, ки чӣ гуна рушдро истеъмор мекунем”, — мегуяд духтар.

Қаблан маълум гардида буд, ки як духтари қазоқтабор Асел Толенова низ дар вазифаи муовини сардори бахши протоколи Ҷо Байден кор мекунад.

Тоҷикдухтар дар тими Ҷо Байден

Манижа ҳамаро барои иштирок дар сабти видеои нав даъват кард

Мо дар Telegram