Тоҷикдухтар ба тими президенти Амрико – Байден роҳ ёфт

Генерал Раҳимзода гуфт, зарурате барои дигар кардани рутбаҳои низомӣ нест

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ мегӯяд, феълан зарурате намебинад, ки рутбаҳои низомӣ дигар карда шаванд. Изҳори назари Раҳимзода баъд аз он садо медиҳад, ки масъулини Кумитаи забон гуфтанд, гузина (вариант)-и тоҷикии рутбаҳои низомиро ба ҳукумат пешниҳод кардааст.

Рамазон Раҳимзода рӯзи 19-уми феврал дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, дар шароити буҳрони иқтисодӣ, иваз кардани номи рутбаҳои низомӣ сарфи зиёдатиро талаб мекунад. Ба ин хотир вазири корҳои дохилӣ гуфт, “дар ҳоли ҳозир лозим нест, дар оянда агар омӯзем, мумкин аст”.

Масъулини Кумитаи забон рӯзи 17-уми феврал гуфтанд, тарҳи тарҷумаи рутба ва истилоҳоти ҳарбӣ мисли “Генерали артиш — Артишсолор”, “полковник — сарҳанг” ва “подполковник — сарҳангёр”-ро барои баррасӣ ба ҳукумат ирсол кардаанд. Ҳанӯз маълум нест, ки баррасии ин кор то кай дар ҳукумат идома мекунад.

Тоҷикдухтар ба тими президенти Амрико – Байден роҳ ёфт

Дилафрӯз Хоникбоева, як тоҷикдухтар дар Амрико ба як мансаби олӣ тавонист роҳ ёбад. Хабар дар бораи он, ки як духтар аз Тоҷикистон ба тими президенти нави Амрико Ҷо Байден шомил шуд, корбарони шабакаҳои иҷтимоиро шод ва шигифтзада кард.

Дар бораи расидан ба як мансаби аршад дар Амрико худи Дилафрӯз дар саҳифаи Инстаграмаш хабар додааст.

Ба иттилои вай, ӯ ҳамакнун мушовири аршади масоили сиёсии Оҷонсии ИМА дар умури рушди байналмилалӣ (USAID) аст.

Ташкилоти USAID ҳарчанд бевосита ба мудирияти Байден иртибот надошта бошад ҳам, марбут ба Ҳукумати Амрикост, ки роҳбараш феълан Ҷо Байден аст.

Гузашта аз ин, худи Хоникбоева шомил шудан ба тими Байденро дар навиштааш тасдиқ мекунад.

“Ман савганд хӯрдам ва ба ҳайъати тими Байден ҳамчун мушовири аршади масоили сиёсии Оҷонсии ИМА дар умури рушди байналмилалӣ (USAID) шомил шудам”, – менависад вай.

Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук садҳо кораброн аз ин хабар изҳори хушнудӣ кардаву садҳо нафар ӯро ба ин муносибат шодбош гуфтаанд ва барояш комёбӣ таманно кардаанд.

Дилафрӯз кист?

Ин зани ҷавон, қариб се даҳсола пеш ба Амрико муҳоҷир шудаву таҳсили мактаби миёна ва олиро дар иёлот гирифтааст.

“Ман як бонуи муҳоҷири ҷавони тоҷики помирии исмоилимазҳаби мусалмон ҳастам. 25 сол пеш хонаводаам аз Тоҷикистон ба Амрико кӯч бастанд”, – навиштааст вай ва афзудааст, ки дар як кишвари бегона мардуми хуб кӯмакаш карданд.

Дилафруз Хоникбоева 32-сола дар шаҳри Хоруғ, дар хонаводаи коргар таваллуд шудааст.

Соли 1995 хонаводаи онҳо ба Амрико мераванд, ки дар ин вақт Дилафӯз ҳамаги 7 сол дошт.

Баъди хатми мактаби миёна дар Амрико, ӯ таҳсилашро дар Донишгоҳи Ҷорҷ Мейсон дар риштаи таҳлилу ҳалли низоъҳо ба ҳайси ҳуқуқшинос оғоз мекунад.

Баъди хатми донишгоҳ дар USAID, дар Вашингтон кори худро оғоз кард. Баъди як муддати фаъолият ӯро ба Бунёди Оқохон (AKF) дар ИМА ба кор даъват мекунанд, ки Дилафрӯз инро мепазирад.

Чин пардохти қисме аз қарзи Тоҷикистонро ба таъхир андохт

Вазорати молия мегӯяд, Чин розӣ шудааст, ки Тоҷикистон 42 миллион доллар қарзашро дар назди ин кишвар бо таъхир баргардонад.

Ин дар ҳолест, ки қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 3,2 миллиард доллар расидааст ва беш 1,1 миллаирди он ба давлати Чин рост меояд. Айни ҳол қарзи давлатии Тоҷикистон 46,6 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад.

Ҷамшед Каримзода, муовини вазири молияи Тоҷикистон рӯзи 19-уми феврал зимни як нишасти хабарӣ гуфт, ғайр аз Чин бо чанде аз кишвару созмонҳои сармоягузор вориду гуфтугу шудаанд, то муҳлати пардохти қарзашонро ба таъхир гузоранд. Намояндагони ин ниҳод гуфтанд, ҳадаф аз пайваст шудан ба ташаббуси гуруҳи G20 ҷудо кардани маблағи бештар ба соҳаи тандурустӣ аст.

Боз хунук мешавад: КҲФ аз боришоти шадид дар Тоҷикистон хабар медиҳад

Аз 20 то 23 феврал вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон якбора ноустувор шуда, дар водиҳо борон ва дар кӯҳу доманакӯҳҳо барф меборад.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ огоҳ мекунад, ки боришоти зиёд дар минтақаҳои кӯҳистон ва теппадор метавонад ба шусташавии хок ва ба ҳаракат омадани он (лағзиши он) ва болоравии сатҳи об дар дарёҳо боис гардад, ки дар навбати худ, метавонад ба шусташавии соҳилҳои рӯдхонаву кӯлҳо оварда расонад.

Бар асари боришоти зиёд эҳтимоли фаромадани тармаву сел ва сангреза вуҷуд дорад. Обуҳавои ноустувор ҳамчунин чаронидани чорво ва нигаҳдории онро дар чарогоҳҳо душвор месозад.

Ғайр аз ин, боришоти зиёд метавонад ба босуръат болоравии сатҳи об дар дарёҳо боис гардида, ба шусташавии пастхамиҳо, заминҳои кишт, қитъаҳои роҳи паҳлӯи соҳилҳо ва пулу сарбандҳо оварда расонад.

Тоҷикистон барои “Роғун” аз хориҷа сармоягузор меҷӯяд

Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, барои идомаи маблағгузории сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» бо сармоягузорони хориҷӣ мувофиқа ҳосил шудааст.

Ҷамшед Каримзода, муовини вазири молияи Тоҷикистон рӯзи 19-уми феврал зимни нишасте дар Душанбе ба хабарнигорон дар ин бора итилоъ дод, вале нагуфт, Тоҷикистон бо кадом давлат ва ё сармоягузори хориҷӣ барои сармоягузории сохтмони Роғун музокирот пеш мебарад. Ҳоло Тоҷикистон бо истифода аз маблағҳои будҷаи давлат сохтмони нерӯгоҳи Роғунро идома дода истодааст.

Каримзода гуфт, соли гузаштаи 2020 Тоҷикистон барои эҳдоси нерӯгоҳи «Роғун» 3,2 миллиард доллар, ҳудуди 290 миллион доллар харҷ кардааст: 2,2 миллиард сомонӣ аз будҷа ва 1 миллиард сомонӣ аз ҳисоби захираҳои байналмилалии молии кишвар. Ба гуфтаи ин мақомдори вазорат соли ҷорӣ Тоҷикистон аз ҳисоби будҷа барои сохтмони нерӯгоҳ 2,1 миллиард сомонӣ пул хаҷр хоҳад кард. Каримзода афзуд, новобаста аз имконияти маҳдуди молиявӣ Тоҷикистон сохтмони нерӯгоҳи “Роғун”-ро идома хоҳад дод.

Қаблан Вазорати молия дар як изҳороте гуфта буд, барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” талош доранд аз бонки Олмонии Landesbank Baden ва Швейтсарии Credit Suisse 340 миллион евро қарз ба даст оранд.

Сообщение Тоҷикдухтар ба тими президенти Амрико – Байден роҳ ёфт появились сначала на YOUR.

Мо дар Telegram