Як шаҳрванди Тоҷикистон дар натиҷаи таркондани балони газ дар шаҳри Ростов ба ҳалокат расид, хабар медиҳад DonDay.ru.
Бегоҳи 7 январ дар як дӯкони шаурма дар кӯчаи Жданов балони газ таркид ва сӯхтор ба амал омад.
Як шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон, корманди як фурӯшгоҳи шаурма дар бемористон даргузашт. Ҷавони тоҷик 100% сӯхтааст.
Шарики ӯ низ сӯхтааст, айни ҳол дар беморхона қарор дорад. Табибон вазъи ҷавонро вазнин арзёбӣ мекунанд.
Ҳангоми ҳолати фавқулодда меҳмони дӯкони шаурма низ маҷрӯҳ шуд. Ба ӯ ташхис доданд, ки 45% сӯхтааст.