То 500 доллар: Нарх ва рӯзи парвозҳои доимӣ аз Тоҷикистон ба Русия

Агентии авиатсияи граждании кишвар нарх ва рӯзи иҷроиши парвозҳои мунтазам ба Русияро аз Тоҷикистон ё баръакс муайян кард.

Ширкатҳои ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва ЮтЭйр” ҳафтае як маротибагӣ парвоз анҷом медиҳанд: Рӯзҳои сешанбеи ҳар ҳафта – “Сомон Эйр” ва ҷумъа “ЮтЭйр”, хабар дод ба Your.tj як манбаи мӯътамад аз агентии авиатсия.

“Дар ҷаласаи корӣ нархи чиптаҳои ҳавопаймо аз ҳарду ҷониб 500 доллар муқаррар гардид. Барои мисол, агар талабот аз ҷониби Тоҷикистон зиёд бошад, ширкатҳои ҳавопаймоӣ метавонанд нархро аз ҷониби Душанбе 300-350 доллар монанд, вале аз ҷониби Москва бояд он 150-200 доллар муқаррар шавад ё баръакс. Дар умум нархи парвозҳои рафту омад аз ду ҷониб набояд марзи 500 долларро убур кунанд”, – гуфт манбаъ.

Инчунин манбаъ қайд кард, ки аз ширкатҳои ҳавопаймоии ватанию хориҷӣ дархост карда шуд, ки ба болоравии беасоси нархи чиптаи ҳавопаймоӣ роҳ надиҳанд ва нархи чиптаро дар доираи арзиши аслӣ танзим намоянд.

– Бояд қайд намуд, ки амалӣ намудани парвозҳо бо зичии 1 парвозӣ дар як ҳафта аз ҳарду ҷониб, оғози барқарорсозии парвозҳои мунтазам буда, бо беҳтар гардидани вазъи эпидемиологӣ ҷиҳати афзоиш додани парвозҳо дар асоси қарорҳои дахлдори қабулнамудаи ҷонибҳо чораҳои дахлдор андешида мешавад, – гуфт манбаъ.

Манбаъ таъкид кард, ки мусофирон бояд маълумотнома бо натиҷаи ташхиси тестӣ бо нишондоди “манфӣ”-и бемории сироятии COVID-19 дошта бошанд ва муҳлати он на бояд аз 72 соат зиёд бошад. Мусофирони маълумотномаи натиҷаи ташхиси тестӣ бо нишондоди “манфӣ”-и бемории сироятии COVID-19 надошта ба ҳавопаймо роҳ дода намешаванд.

Ёдовар мешавем, ки Русия аз барқарор кардани парвозҳо бо Тоҷикистон рӯзи 25 март пас аз танаффуси яксола хабар дод.

Парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистону Русия миёнаи моҳи март баста шуда буд. Ҷонибҳо барои таҳвили шаҳрвандони худ танҳо аз парвозҳои чартерӣ истифода мекунанд, ки нархи чиптаҳо хеле арзиши баланд доранд.

Киҳо метавонанд бо парвозҳои доимӣ ба Русия ворид шаванд дар маводи қаблии мо бихонед.

Сообщение То 500 доллар: Нарх ва рӯзи парвозҳои доимӣ аз Тоҷикистон ба Русия появились сначала на YOUR.

Мо дар Telegram