Тими миллии Тоҷикистон омодагиро ба бозии дуюми санҷишӣ шурӯъ сохт

Тими миллии Тоҷикистон пас аз як рӯзи истироҳат аз бозии якуми дӯстона бо мунтахаби миллии Урдун, омодагиро ба бозии дуюми санҷишӣ бо тими мазкур оғоз кард. Бозии дуюми дӯстона байни тимҳои миллии Тоҷикистону Урдун рӯзи ҷумъаи 5-уми феврал, дар Варзишгоҳи Ассотсиатсияи футболи АМА соати 19:00 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

Мо дар Telegram