Тими миллии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар бозиҳои дӯстона бо мунтахаби Урдун ба хайрият ба Дубай расид

Тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев ҷиҳати иштирок дар бозиҳои дӯстона бо мунтахаби миллии Урдун ба Дубай расид. Дар Дубай миллипӯшони кишвари мо бо урдуниҳо ду бозии санҷишӣ хоҳанд гузаронд.

Дар ин сафар сармураббӣ бо худ 23 бозигар, аз ҷумла 3 дарвозабон, 9 муҳофизатгар, 7 ниммуҳофиз ва 4 ҳамлагарро ҳамроҳ гирифтаст.

Баробари ба Дубай расидан ҳайати намояндагии тими миллии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи “Хилтон” ҷойгир шуд. Даста бегоҳ дар майдони Ассотсиатсияи футболи ИМА тамрин мекунад.

Ёдрас мешавем, ки бозиҳои санҷишии тимҳои миллии Урдун ва Тоҷикистон рӯзҳои 1 ва 5 феврал баргузор мешаванд. Оғози бозиҳо – соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:00 ба вақти Душанбе)

 

Ҳайати тими миллии Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона бо Урдун:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Муҳриддин Ҳасанов («Хуҷанд»);

Муҳофизон: Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон), Аҳтам Назаров, Зоир Ҷӯрабоев, Искандар Ҷалилов, Табрези Давлатмир, Ваҳдат Ханонов (ҳама аз «Истиқлол»), Манучеҳр Сафаров («Локомотив-Помир»), Наимҷон Иброҳимзода («Хуҷанд»), Алиҷон Кароматуллозода (КМВА);

Ниммуҳофизон: Эҳсони Паншанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳама аз «Истиқлол»), Абдулмумин Забиров («Хуҷанд»), Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»), Ислом Зоиров («Локомотив-Помир»);

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров (ҳарду аз «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев, Тоҳир Малодӯстов (ҳарду аз «Хуҷанд»).

Сармураббӣ – Усмон Тошев (Узбекистон).

 

Бозиҳои дӯстона

1 феврал (душанбе)

Оғози бозӣ соати 19:00  

Урдун – ТОҶИКИСТОН

Дубай, варзишгоҳи Ассотсиатсияи футболи ИМА

 

5 феврал (ҷумъа)

Оғози бозиҳо соати 19:00

Урдун – ТОҶИКИСТОН

Дубай, варзишгоҳи Ассотсиатсияи футболи ИМА

Мо дар Telegram