Тими миллии Тоҷикистон дар Дубай аввалин тамринашро гузаронд

Дар доираи омодагӣ ба бозиҳои дӯстона бо мунтахаби миллии Урдун дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар ҷамъомади омӯзишиву машқии худ дар Дубай аввалин тамринашро гузаронд.

Тамрини даста, ки дар майдони футболи Ассотсиатсияи футболи Имороти Муттаҳиддаи Арабӣ баргуз гашт, бештар аз як соат идома ёфт. Дар он ҳамаи 23 бозигари дар ихтиёри тими миллӣ қарордошта, ширкат намуданд.

Пагоҳ миллипӯшони кишвари мо тамрини бегоҳирӯзии пеш аз бозиро доир менамояд. Рӯзи душанбеи 1 феврал бошад, бозии якуми дӯстонаи мнтахабҳои миллии Урдун ва Тоҷикистон доир мешавад. Ин бозӣ соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:00 ба вақти Душанбе) дар варзишгоҳи Ассотсиатсияи футболи ИМА шурӯъ хоҳад шуд.

 

Ҳайати тими миллии Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона бо Урдун:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Муҳриддин Ҳасанов («Хуҷанд»);

Муҳофизон: Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон), Аҳтам Назаров, Зоир Ҷӯрабоев, Искандар Ҷалилов, Табрези Давлатмир, Ваҳдат Ханонов (ҳама аз «Истиқлол»), Манучеҳр Сафаров («Локомотив-Помир»), Наимҷон Иброҳимзода («Хуҷанд»), Алиҷон Кароматуллозода (КМВА);

Ниммуҳофизон: Эҳсони Паншанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳама аз «Истиқлол»), Абдулмумин Забиров («Хуҷанд»), Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»), Ислом Зоиров («Локомотив-Помир»);

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров (ҳарду аз «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев, Тоҳир Малодӯстов (ҳарду аз «Хуҷанд»). 

Сармураббӣ – Усмон Тошев (Узбекистон).

 

Бозиҳои дӯстона

1 феврал (душанбе)

Оғози бозӣ соати 19:00  

Урдун – ТОҶИКИСТОН

Дубай, варзишгоҳи Ассотсиатсияи футболи ИМА

 

5 феврал (ҷумъа)

Оғози бозиҳо соати 19:00

Урдун – ТОҶИКИСТОН

Дубай, варзишгоҳи Ассотсиатсияи футболи ИМА

Мо дар Telegram