Тасвиби созишномаи таъмини омодагиҳо ба садамаҳои ҳастаӣ ва радиатсионӣ дар қаламрави ИДМ

Тасвиби созишномаи таъмини омодагиҳо ба садамаҳои ҳастаӣ ва радиатсионӣ дар қаламрави ИДМ

3 марти соли 2021 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода гузашт, “Созишномаи ҳамкорӣ миёни давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи таъмини омодагӣ дар ҳоли садамаҳои ҳастаӣ ва радиатсионӣ ва кумакҳои мутақобила дар бартараф намудани паёмадҳои онҳо”-ро ба тасвиб расонданд.

Раиси Кумитаи ҳолаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода зимни суханронии худ дар ҷаласаи парламон гуфт, ки ин Созишнома бешак ба ҳамоҳангиҳои муштарак дар қаламрамрави ИДМ такони нав хоҳад дод ва амнияти ҳастаӣ ва радиатсиониро таъмин хоҳад намуд.  

барчасп: 
Мо дар Telegram