Ташрифи кормандон, шунавандагон ва курсантони Академия ба Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ

1556

Дар Академияи ВКД дар баробари ба курсантон ва шунавандагон омӯзонидани барномаи таълимӣ анъанае роиҷ аст, ки зимни ҳар давраи хониш ба тамошои осорхона, сайругашти мавзеъҳои таърихӣ, боғу гулгаштҳои навбунёд ё иншоотҳои дар замони истиқлолият бунёдгардида ҷалб намуда, ҷаҳонбинӣ ва маърифати фарҳангии онҳоро баланд мебардоранд.

15571558

Бо дастуру супориши сардори Академияи ВКД Чумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, санаи 16-уми феврали соли ҷорӣ роҳбарият, шунавандагон, курсантон ва ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи ВКД ба Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ рафта, драмаи «Ишки Ватан» — и аз руи асари Раҷабалӣ Қудратзода, ки онро коргардони ҷавон Баҳром Қурбонзода таҳия намудааст тамошо намуданд. Намоишномаи театрӣ ба ифтихори Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ва бузургдошти шоири ҷанговар Ҳабиб Юсуфӣ бахшида шуда, дар хислати персонажҳо хело зинда иникос гардид. Ҳунармандони театри давлатии академӣ-драмавии ба А. Лоҳутӣ образҳои драмаро бо маҳорати баланд, таъсирбахш иҷро намуданд.

Саида Сафарова, Шавкат Убайдуллоев

Мо дар Telegram