Ташнаи илм: “Пул надорам ки фарзандонамро ба мактаб фиристам”

Таҳсил дар мактаби миёна яке аз мушкилиҳои асосии гурезагони афғон дар Тоҷикистон аст. Айни ҳол барои кӯдакони гурезаҳои афғон дар шаҳри Душанбе як мактаб фаъолият дорад, вале қисми зиёди оилаҳои афғон дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекунанд, ки барои то Душанбе омадан кӯдакон мушкилӣ мекашанд.

Барои хонондани фарзандонам маблағи кофӣ надорам

Абдуллоҳ Латифӣ, як гурезаи афғон, ки дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекунад, мегӯяд аз сабабе, ки дар мактаб аз писараш қариб ҳар моҳ барои таъмир, китоб ва дигар лавозимот маблағ талаб мекарданд, нагузошт, ки онҳо дигар ба мактаб раванд.

“Дар ин ҷо мо худ гуреза ҳастем ва ҳар моҳ пули иҷора, барқ ва партовро бо як азоб пардохт мекунем. Касе дар оилаи шашнафараи мо кор намекунад, ба ҷузъ ягон рӯзе, ки барои аробакашӣ меравам”, – бо норозигӣ мегӯяд Абдуллоҳ.

Абдуллоҳ дар шаҳри Кобул манзили зисти худро бо маблағи 200 доллари амрикоӣ ба иҷора додааст, ки зиндагиашонро айни ҳол бо ҳамин маблағ пеш бурда истодаанд. Аммо болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ зиндагии бе ин ҳам мушкилашонро сангинтар намуд.

“Бо пули як кило картошкаи Тоҷикистон, дар Афғонистон се кило картошка харидан мумкин. Мехоҳем ба Ватани худ баргардем, аммо он ҷо кафолат барои амният нест. Тоҷикистон давлати амну ором аст, аммо нархҳо гарон. Аз дигар ҳамватанонам ароба иҷора гирифта, баъзан ба аробакашӣ машғул мешаваму дар як рӯз то 30-40 сомонӣ кор мекунам. Аммо бо ин маблағ чӣ метавон харид. Болои ин ду писару як духтарам ҳангоме дар мактаб таҳсил мекарданд, мегуфтанд, падар бояд ба мактаб пул бубарем, аммо ман надоштам. Аз ин рӯ маҷбур шудам, ки онҳоро дигар ба мактаб рафтан намонам”, – афсӯс мехӯрад Латифӣ.

Яке аз мушкилии дигари гурезагони афғон дар Тоҷикистон ин хати кириллӣ аст. Аксари фарзандони паноҳандагони афғон, ки ба Тоҷикистон меоянд, аз сабаби надонистани хати криллӣ, ду то се сол аз синфи худ поён дар макотиби миёна таҳсилро шурӯъ мекунанд.

“Писари калониам дар Афғонистон дар синфи 7 таҳсил мекард, вақте ба Тоҷикистон омадем, ба синфи 4 қабул шуд, зеро ҳуруфи мо фарқ мекунад. Дигар фарзандонам низ дусолӣ аз синфашон поён қабул шуданд, аммо чӣ тавре гуфтам аз сабаби тангдастӣ хонданро қатъ карданд”, -иброз дошт Абдулло Латифӣ.

Ягона орзуи қаҳрамони мо Абдулло Латифӣ ин пайдо кардани ҷои кор мебошад, ки тавонад зиндагии фарзандонашро таъмин кунад ва онҳоро ба мактаб барои таҳсил ҷалб кунад.

“Мехоҳам фарзандонам забони русиро аз худ кунанд”

Муҳаммад Бохтарӣ гурезаи дигари афғон мегӯяд, дар мактабе, ки фарзандонаш таҳсил мекунанд, аз онҳо маблағе талаб намекунанд ва новобаста аз шароити бади иқтисодӣ кушиш мекунад фарзандонаш бидуни илм намонанд, то ки агар дар оянда ба дигар кишвар кӯч банданд, таҳсилро идома дода тавонанд.

Ташнаи илм: “Пул надорам ки фарзандонамро ба мактаб фиристам”

Умарҷон Бохтарӣ, ки 11 сола аст, дар яке аз мактабҳои русии шаҳри Ваҳдат дар синфи 4-ум таҳсил мекунад. Умарҷон дар баробари донистани забони англисӣ, дар тӯли як сол забони русиро низ хуб аз худ кардааст.

Равонӣ ёздаҳсола хоҳари Умарҷон, ки дар синфи 2 таҳсил мекунад, озод бо забони русӣ ҳарф мезанад, “ман агар дар Афғонистон мебудам, бояд дар синфи 4 таҳсил мекардам. Дар ин ҷо ҳаррӯз аз мо диктант мегиранд, лекин ман мехоҳам ба Афғонистон равем, чунки он ҷо барои ман писанд мебошад. Дугонаҳои зиёд доштам”.

Падари оила – Муҳаммад Бохтарӣ, дар яке аз ширкатҳои мусофиркашонӣ дар шаҳри Ваҳдат, бо ронандагӣ машғул мебошад, ки ҳамарӯза аз 50 то 100 сомонӣ даромад дорад.

“Ба сари ман ҳар мушкилие ояд, сабр мекунам, аммо…”

Муҳаммад Бохтарӣ мегӯяд, вақте дар мактабҳои Тоҷикистон карантин эълон гашт, Умарҷон писари калониаш ба хоҳарони худ ҳуруфи тоҷикиро меомӯзонид, то ин ки аз дарсҳо қафо намонанд.

“Дар шишаи тирезаи хона бо фламастер ҳарфҳоро менавишт ва ба хоҳарҳои худ меомӯзонид. Ҳамчунин Умарҷон дар вақти таътил дарси англисӣ меомӯхт ва ҳамарӯза он чизе, ки меомӯхт, омада, ба хоҳарҳои худ меомӯзонид. Ман ҳамавақт кушиш мекунам, ки барои таҳсили фарзандонам шароит муҳайё созам. Агар мо ягон кишвари дигар ҳам равем, фикр мекунам фарзандонам азият намекашанд, зеро ҳуруфи форсӣ, забони русӣ ва англисиро хуб медонанд. Само–духтари хурдии ман низ забони русиро аз худ кардааст. Барои роҳати фарзандонам, омодаам ки ба ҳар мушкилие тоб оварам”, – мегӯяд Бохтарӣ.

“Мо мехоҳем дар шаҳри Ваҳдат барои мо мактаб бунёд кунанд”

Ба иттилои Созмони муҳоҷирони афғонҳо дар Тоҷикистон “Ориёно”, дар шаҳри Ваҳдат зиёда аз се ҳазор гурезаҳои афғон зиндагӣ мекунанд. Зимни суҳбат бо мо аксари ин афрод гуфтанд, ки мехоҳанд дар шаҳри Ваҳдат барои фарзандони онҳо мактабе бунёд гардад, чунки масрафи роҳ аз шаҳри Ваҳдат то шаҳри Душанбе барояшон мушкил мебошад.

Феълан дар шаҳри Душанбе мактаби афғонии “Сомониён” зиёда аз 20 сол аст, ки фаъолият мекунад. Ин мактаб аз ҷониби Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Афғонистон бунёд гардида, дар он фарзандони дипломатҳои сафорат, муҳоҷирони афғон, тоҷироне, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ доранд, таҳсил мекунанд.

Ташнаи илм: “Пул надорам ки фарзандонамро ба мактаб фиристам”

Бояд гуфт, ки дар мактаби “Сомониён” фарзандони гурезаҳои афғоне, ки дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекунанд низ, таҳсил дошта, ба гуфтаи волидонашон моҳе танҳо барои роҳкиро аз 270 то 300 сомонӣ масраф мекунанд, ки тавони пардохти инро надоранд.

Мактаби 12 сола барои афғонҳо

Қаблан дар Тоҷикистон се мактаб барои фарзандони гурезаҳои афғон литсейи “Истиқлол”, “Ориёно” ва “Сомониён” фаъолият мекард.

“Аз сабаби кам шудани сафи хонандагон, литсейи Ориёно ва Истиқлол баста шуданд. Зеро қисми зиёди оилаҳои афғон ё ба дигар кишвар сафар карданд ё ин ки ба ватан баргаштанд, аз ин рӯ масъулини литсейҳо маҷбур шуданд, ки кори худро қатъ кунанд”, – шарҳ дод Ноҷия Зоҳирӣ мудири литсейи Сомониён.

Ташнаи илм: “Пул надорам ки фарзандонамро ба мактаб фиристам”
Ноҷия Зоҳирӣ мудири литсейи Сомониён

Аз сабабе, ки як қисми муҳоҷирон ба Тоҷикистон доимӣ намеоянд, арқоми дақиқи хонандагон дар ин мактаб маълум нест. Айни замон дар мактаб тақрибан 370-380 хонанда таҳсил карда истодаанд.

“Дар ин мактаб шогирдон тӯли 12 сол таҳсил мекунанд. Барномаҳои таълимӣ тибқи барномаи Вазорати маорифи Афғонистонанд. Пардохти иҷораи мактаб аз тариқи Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон, дигар хароҷотҳо бошад аз ҳисоби Вазорати маорифи Афғонистон ва тоҷирон пардохт мешаванд”, – гуфт Ноҷия Зоҳирӣ.

Ташнаи илм: “Пул надорам ки фарзандонамро ба мактаб фиристам”

“Омӯзгорони мо бидуни маош фаъолият мекунанд”

Ноҷия Зоҳирӣ 22 сол мешавад, ки муқими Тоҷикистон аст. Аз соли 2004 инҷониб дар мактаби Сомониён фаъолият мекунад. Ба гуфти ӯ омӯзгорони ин мактаб бидуни маош фаъолият мекунанд, танҳо роҳкирои муаллимон пардохт мешаваду халос.

“Мо хушҳол аз онем, ки дар кишваре зиндагӣ мекунем, ки қонунҳоро риоя мекунанд ва мактаби мо низ дар доираи қонунҳои Тоҷикистон фаъолият мекунад. Мо тақрибан 27 нафар омӯзгор дорем, ки якеашон зани тоҷик мебошаду аз фанни забони русӣ дарс мегӯяд. Аз ҷониби Сафорати Ҳиндустон ба хонандагони мактабӣ 20 адад компютер доданд. Ин бароямон як хушбахтӣ буд, чунки қаблан дар мактаб мушкили норасоии синфи компютериро доштем. Мо тоҷирони хайрхоҳе дорем, ки ба хариди китобҳо барои хонандагон кӯмак мекунанд. Агар китобҳо барои ҳамаи хонандагон кифоя набошад, мо китобҳоро дар варақҳо копӣ карда ба онҳо тақсим мекунем”, – нақл кард Ноҷия Зоҳирӣ.

Ҳалли мушкилии роҳ ё сафир барои гурезагон автобус иҷора мегирад

Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон барои ҳалли мушкилии фарзандони гурезаҳои афғон, ки дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекунанд, автобусе иҷора гирифтааст, ки онҳоро ҳар рӯз ба мактаб бурда меорад.

“Қариб ҳама хароҷотҳои мактабро сафорат рӯйпуш мекунад ва бисёр мушкилиҳои моро сафири нав бартараф кард. Агар боз дар шаҳри Ваҳдат, як мактабе сохта шавад, бисёр хушҳол мешудам ва омодаи ҳамкорӣ ҳастам, чунки аксари гурезагони афғон дар ин шаҳр зиндагӣ мекунанд”, – мегӯяд Ноҷия Зоҳирӣ.

Бино ба иттилои Абдулмусаввир Баҳодурӣ, раиси Созмони муҳоҷирони афғон дар Душанбе “Ориёно”, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 4 ҳазору 500 гурезаи афғон ба қайд гирифта шудааст.

Ташнаи илм: “Пул надорам ки фарзандонамро ба мактаб фиристам”

Сообщение Ташнаи илм: “Пул надорам ки фарзандонамро ба мактаб фиристам” появились сначала на YOUR.

Мо дар Telegram