Ташаббуси Тоҷикистон дар СММ оид ба СҲШ қабул шуд

Тоҷикистон ба Созмони милали муттаҳид ташаббусе оиди ҳамкории СҲШ бо СММ пешниҳод кард ва он қабул шуд. Дар ҷумлаи ҳаммуаллифони қатънома ҳамаи кишварҳои узви СҲШ, инчунин Беларус, Камбоҷа, Кирибати, Коста-Рика ва Озарбойҷон шомил мебошанд.

СММ Созмони Ҳамкории Шанхайро ҳамчун созмони фаъолияташ барои ба даст овардани сулҳу субот, амнияти минтақавӣ ва ба дигар самтҳои ҳаётан муҳим равона шуда мешиносад ва эътироф мекунад.

Дар матни санад ба кӯшишҳои давлатҳои аъзои СҲШ, ки ба табдил додани фазои СҲШ ба минтақаи сулҳи пойдор, дӯстӣ, шукуфоӣ ва ризоият мувофиқи Шартномаи дарозмуддати неки ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ нигаронида шудаанд, баҳои мусбат дода шуд. 

Маҷмаи умумии СММ ёдовар мешавад, ки дар қатъномаи 71/14 кӯшиши кишварҳои узви СҲШ ҷиҳати мусоидат ба субот ва ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалӣ ба инобат гирифта шудааст.

СММ пешниҳод мекунад, ки машваратҳои мунтазам байни Котиби генералии СММ ва роҳбарони созмонҳои минтақавӣ идома дода шаванд. Ба идораҳои махсусгардонидашуда, ташкилот, барномаҳо ва фондҳои сохтории СММ пешниҳод шудааст, ки бо СҲШ ҳамкорӣ кунанд.

Маҷмаи умумии СММ тасмим гирифт, ки зербанди «Ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай» -ро дар рӯзномаи муваққатии иҷлосияи 77-ум шомил кунад.

Ташаббуси Тоҷикистон дар СММ оид ба СҲШ қабул шуд

Тоҷикистон ва Афғонистон эъломияи муштаракро имзо карданд – дар он чи гуфта шудааст?

Мо дар Telegram