Тармафорӣ ва сангрезӣ дар Тоҷикистон ҳануз дар назар аст

Дар Тоҷикистон бинобар сабаби сармоҳои баҳорӣ дар шоҳроҳҳои кишвар тарма фаромада мувақаттан роҳҳо баста буданд ва имрӯзҳо аллакай роҳҳо аз тарма тоза шуданд ва ҳаракати воситаҳои нақлиётӣ барқарор шудааст. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон ҳамаи ронандаҳоро ҳушдор менамояд, то 19 марти соли равон аз сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ худдори намоянд ва ё  ин, ки ҳангоми баромад ба сафар эҳтиёт шаванд ва аз баланд намудани суръати ҳаракат худдорӣ намоянд.

Гуфта мешавад, ҳануз фаромадани тармаҳо ва  сангрезӣ ва селфароӣ дар шаҳру вилоятҳои кишвар ва  дар минтақаҳои куҳӣ аз эҳтимол дур нест. Ба ғайр аз ин маркази обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки дар рӯзҳои таътилӣ боридани борон дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки барфҳои борида дар баъзе минтақаҳои кишвар таъсири худро расонида дарахтони мевадиҳандаро сармо задаас ва ин ба ҳосилнокӣ таъсир мерасонад. Дар ин ҳолат деҳқонони вилояти Суғд барои наҷоти ҳосил дар боғҳо бо дуди оташ дарахтони яхбастаро об мекунонанд.

Мо дар Telegram