ТАРБИЯИ ФАРЗАНД ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАХС

1622

«Аҳли илму фарҳанг дар ҳама ҷо ва ҳама вақт бақадр буд ва мемонад. Аз ин лиҳоз баҳри он кӯшед, ки фарзандонамонро дар омӯхтани илму дониш тарбият кунем. Ҳаёт бо омӯхтан ташкил меёбаду инкишоф меёбад».

Таълиму тарбия дар пайвастагии мутақобилаи се ниҳоди иҷтимоӣ: оила, мактаб ва ҷомеа рӯҳу равони воқеӣ пайдо мекунад. Аммо, ба ин се ниҳод муҳити атроф ва фазои иттилоотӣ, ки дар натиҷаи раванди ҷаҳонишавӣ вусъати азиме пайдо кардааст, таъсири зиёд мерасонад. Махсусан, нақши оилаи устувор ҳамчун ҷузъи асосии ҷамъият дар тарбияи фарзанд басо муҳим мебошад. Падару модарон, ки сутуни хонавода ва ё оиларо ташкил медиҳанд, бояд ба таълим ва тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд. Як нуктаро ба инобат гирифтан лозим аст, ки фарзанди солеҳ ва бомаърифат давоми умри падару модар мебошад ва ба ин хотир, барои таълиму тарбия ҳеҷ чизро набояд аз онҳо дареғ доранд ва барои ба камол расидани онҳо сармояи хешро дареғ надоранд.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар замоне ба вуқӯъ пайваст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ба он сахт ниёз дошт. Маҳз талаботи ин Қонун имкон фароҳам овард, то баъзе парокандагиҳои ҷойдоштаи иҷтимоии замони ҳозираро ба эътидол оварем.
Муносибати фаъолонаи шаҳрвандони кишвар ба масъалаи тарбияи фарзанд баъди ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” рӯшан ба зуҳур мерасад. Дар тамоми ташкилоту муассисаҳо баҳри амалӣ гаштани Қонуни мазкур чораҳои зарурӣ андешида шуда, бо дарки масъулияти баланд сиёсати давлатро ҷонибдорӣ намуда истодаанд. Ташаббуси аҳли ҷомеа, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони ташкилоту муассисаҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо нисбат ба тақдири ҷомеа ва ояндаи миллат бетараф набуда, дар фикри онанд, ки насли ҷавони имрӯзаи моро дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва демократӣ тарбия намоянд. Дар ин росто, волидайн ва тамоми сохторҳои давлатӣ бар он муваззаф мегарданд, ки нисбат ба насли наврас ва ояндаи давлати ҷавони тоҷик бетафовутӣ зоҳир накарда, дастаҷамъона дар устувору пойдорӣ, рушд ва пешрафти он саҳмгузор бошанд. Моҳияти ин Қонун аз ҷониби падару модарон ва бахусус, зиёиёни кишвар хеле амиқ дарк гардидааст.

Роҳбарият ва аҳли кормандони факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи таълиму тарбияро яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ маҳсуб медонанд. Бо мақсади роҳандозӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтар гаштани тарбияи маънавиву ахлоқии курсантон тадбиру чораҷӯйиҳо намуда, санаи 13.03.2021 барои курсантони курси 2 соати 1000 дар маҷлисгоҳи факултет бахшида ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо супориши сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. шуда гузашт. Ҷаласаро сардори факултети мазкур, полковники милитсия Одиназода А.Ш. ифтитоҳ намуд. Ҳадаф аз баргузории ҷаласаи мазкур ҳар чӣ бештар ҷалб намудани падару модарон ба таълиму тарбияи фарзанд ва назорати ҷиддӣ аз болои курсантон буд.
Сардори факултет ба ҷаласа ҳусни оғоз бахшида, аҳамияти Қонуни мазкурро муҳим арзёбӣ намуд. Аз ҷумла, иброз дошт, ки: “Дар Қонуни мазкур масъулияти асосӣ ба зиммаи оила во гузошта шудааст. Дар ин вазъ волидайн дар сурате масъул шуда метавонад, ки худ дорои маърифату маданияти баланд бошанд ва роҳҳои тарбияро хуб донанд. Агар фарзанд аз кӯдакӣ дар муҳити орому солим тарбия наёбад ва моҳияти таълиму тарбияро дарк накунад, дар ҳаёти минбаъда ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ мегардад. Ҷомеаи имрӯзаи мо ба фарзандони қобилу оқил ва ихтироъкор ниёз дорад. Ҳар падару модар вазифа доранд, ки барои фарзандони хеш тамоми шароитро фароҳам созанд, то дар оянда онҳо ҳамчун шахси баркамол, зиндагидӯст ва ватанпараст ба камол ёбанд. Гарчанде аз қадимулайём дар одату анъанаҳои мардуми мо таълиму тарбияи фарзанд мақоми хоса дошта бошад ҳам, имрӯз баҳри ба воя расонидани ҷавонони солеҳу соҳибмаърифат, пешгирӣ кардани вуруди ҷанбаҳои номатлуби фарҳанги бегона ба ҷомеа, қабули қонун зарур ва саривақтӣ буд”.
Мавсуф бар он андеша аст, ки бо таъсири воситаҳои электронӣ ва таъсири ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб сатҳи тарбияи фарзандон то андозае коҳиш ёфтааст. Дар натиҷаи бемасъулиятиву хунукназарии баъзе аз падару модарон, наврасону ҷавонон берун аз тарбия монда, ба корҳои ношоиста даст мезананд, дар кӯчаву хиёбонҳо аз субҳ то нисфи шаб гаштугузор менамоянд, ба ҳар гуна равияҳои бегона ҳамроҳ шуда, иддае аз онҳо даст ба ҷиноят мезананд.
Дар иртибот ба мавзӯи баррасишаванда чунин таъкид дошт: “Масъалаи таълиму тарбияи фарзанд чанд соли охир яке аз масоили муҳим ва доғи рӯз гардида буд. Чунин мушкилотро ба назар гирифта, дуюми августи соли 2011, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид ва мақсад пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ, фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад. Боварӣ дорем, ки минбаъд падару модарон ба таълиму тарбияи фарзандонашон диққати ҷиддӣ медиҳанд ва бо ин роҳ ба пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва корҳои ношоиста хотима мегузоранд. Баъди қабули Қонуни мазкур бисёр масъалаҳо бар дӯши падару модар вогузор шуданд.
Вазифаи асосии волидайн, ки дар Қонуни зикргардида омадааст, соҳиби илму маърифат кардани фарзанд мебошад. Яъне одоб, муошират, инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, хештаншиносию бомаърифат тарбия кардану ба воя расонидан рисолати асосӣ ва муҳими онҳо мебошад. Ҳоло бисёр падару модарон ин вазифаро бар дӯши омӯзгорон мегузоранд, аммо хато мекунанд, зеро фарзанд аз они онҳост. Баъзе падару модароне ҳастанд, ки худашон маърифати инсонӣ надоранд. Муомилаи хубу дурустро намедонанд, пас, чӣ хел фарзанди онҳо дар оянда бомаърифату бохирад ба камол мерасад? Онҳо дар оила дағалмуомила ҳастанд. Кӯдак дағаливу, муносибатҳои бадро меомӯзад ва дар оянда мисли онҳо рафтор хоҳад кард. Барои ҳамин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» имконият фароҳам меорад, ки насли солиму тарбиятдида ташаккул ёфта, барои ободиву пешрафт ва эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳмгузор гарданд. Бояд ҳар як аъзои ҷомеа нисбат ба тавлид ва тарбияи дурусти фарзанд дар назди ҷомеа, миллат, оила ва фарзанд масъулияти бештарро ҳис намуда, барои иҷрои талаботи он кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Имрӯзҳо аҳли ҷомеаро як чиз ба ҳайрат меоварад ва ин ҳам бошад, дуздиву одамкушӣ, порахӯрию кисабурии насли ҷавон аст. Падарон ва бобоёнамон нақл мекарданд, ки мафҳуми дуздӣ, ба моли мардум бо чашми ҳирс нигаристан барои мо бегона буд. Ҳар рӯз тавассути рӯзнома, радио ва телевезион садҳо воқеаҳои дуздиву қонуншиканӣ аз баҳри сарвату неъматҳои моддӣ ва одамкушиву хонавайронкуниро мехонему мешунавем ва мебинем.
Коста гардидани ахлоқи қисме аз наврасону ҷавонон, ҷалб гардидани онҳо ба ҳар гуна ҳаракату равияҳои бегона имрӯз ташвишовар мебошад. Ба ҷинояткорӣ даст задани иддае аз онҳо, пеш аз ҳама натиҷаи беаҳамиятӣ ва бемасъулиятии падару модарон аст. Фаромӯш набояд кард, ки тарбияи кӯдак дар баробари ин ки самти муҳими фаъолияти муассисаҳои таълимӣ мебошад, пеш аз ҳама, вазифаи муқаддаси ҳар як падару модар низ ба шумор меравад.
Дар ин марҳилаи басо ҳассос ва муборизаҳои ошкору ниҳони нерӯҳои гуногун вазифаи муқаддаси падару модарон ва дигар калонсолон дар оила ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандон ва ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо мебошад. Фарзандони худро ҳунар ва илм биёмӯзед ва онҳоро чунон бояд тарбия намоед, ки оқибат сиришки ғам аз дидаҳои пурумед нарезад.
Дар ҷаласа роҷеъ ба масоили баланд бардоштани худшиносиву худогоҳии миллӣ, донистани таърихи кишвар ва бархурдории ҳар чӣ бештар аз мероси ниёгон таъкид карда шуд. Чунонки, имрӯз дида мешавад, дар натиҷаи бемасъулиятиву беназоратии бархе аз падару модарон иддае аз курсантон бетарбия монда, ба корҳои ношоиста даст мезананд, дар кӯчаву хиёбонҳо аз субҳ то шом гаштугузор менамоянд ва бо шахсони бадрафтор ҳамроҳ шуда, ба амалҳои ношоиста даст мезананд.
Курсантон, ки ҳоло ҳаракату рафтори худро пурра дарк накарда, миёни сиёҳу сафед фарқ гузошта наметавонанд, баъзан фирефтаи амалҳои шахсони ҷинояткор гардида, оқибат худашон низ даст ба ҷиноят мезананд. Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон қайд намудааст: «Мо як рукни умда ва созандаи низоми тарбияро дар муҳити хонаводагӣ мебинем. Дар ин ҳалқаи сегона агар оила ё хонавода рисолаташро бо камоли масъулият ба сомон расонад, дар парвариши инсони комил, оқилу донишманд, ватандӯсту ватанпарвар кӯшиш ба харҷ диҳад, натиҷаи матлуб ба даст меояд. Ва агар ҷомеа таъсир расонад, мақоми таълиму тарбия боз ҳам устувортар мегардад».
Давраи таҳсил дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон курсантон, ки аз муҳити хонаводагӣ то андозае дур ҳастанд ва назорати волидон мушкилтар аст, бино бар ин, тарбияи муҳассилин комилан бар дӯши омӯзгорон аст. Бо дарки ин масъала, омӯзгорони факултет барои худ зарур медонанд, ки аз болои рафтору кирдор ва одобу ахлоқи шогирдон пайваста назорати қатъӣ намоянд.
Воқеан ҳам, шахсияти муаллим, устод, омӯзгор дар тамоми давру замонҳо вирди забонҳо будаву соҳиби обрӯву эътибори баланд аст. Падарону модаронро зарур аст, ки эҳтиром намудани устодро дар дили фарзандон бедор кунанд ва нисбати онҳо ғамхору дилсӯз бошанд. Ибораи машҳури халқ ҳаст: «Ҳаққи устод аз падар беш аст» ва ё “Ҷабри устод беҳ аз меҳри падар аст”. Хирадманде, гуфтааст: кишт-некии яксола, боғ-некии даҳсола, тарбия-барои асрҳост. Албатта, ҳар як рафтору гуфтори бузургсолон ва махсусан, падару модар, бобову модаркалон ва омӯзгорон барои насли ҷавон омӯзандаву таъсиргузор аст. Аз ин ҷиҳат, риояи одобу интизом барои кормандони факултети мазкур аз унсурҳои муҳим маҳсуб гардида, ҳар як амалу муносибат бо ҳамкорону курсантон ҳамешагӣ зери назорати қатъӣ қарор дорад.
Ин нуктаҳо дар ҷаласаи падару модарон ва пайвандони муҳассилини курси якум, дуюм, сеюм, чорум, панҷум аз ҷониби роҳбарони гурӯҳҳо ва омӯзгорони таълимдиҳанда баррасӣ гардид.

1623

Пешгирии содиршавии ҷиноятҳо, ҳодисаҳои номатлуб ба манфиати ҷомеа мебошад. Интизоми курсантон аз ҷониби якчанд комиссияи назоратӣ, ғайр аз сардори курс ва куратор пайваста муҳокимаву баррасӣ карда мешавад. Нисбат ба курсантоне, ки талаботи факултет ва Академияро риоя намекунанд, ҷазоҳо пешбинӣ гардида, ба сардорони ШВКД-ҳо ва ҷойҳои кории падару модарашон мактубҳои изтиробӣ равон карда мешавад, то ки нисбати онҳо чораҳои қатъӣ андешида шавад. Талаботи асосӣ ва ҳамешагӣ иборат аз он аст, ки ҳар ашхоси либоси низомӣ ба бар дошта, набояд ба ягон хато ё ҷиноят роҳ диҳад. Зеро, унсури аввалиндараҷаи ҳимоятгарони ҷомеа риояи қонун ва интизоми намунавӣ мебошад.
Дар ҷаласаи мазкур, аз тарафи роҳбарият ному насаби курсантоне, ки талаботи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя накардаанд, яъне интизоми хизматиро мунтазам вайрон намудаанд, бесабаб ҳудуди факултетро тарк кардаанд, ба сафороии пагоҳирӯзӣ ҳозир нашуданд, бесабаб ба дарсҳо иштирок накарданд ва дар ҷаласаҳои дохилии факултет ҷазои интизомӣ гирифта буданд, дар ҳузури падару модарон қироат карда шуд. Инчунин, курсантоне, ки барои интизоми намунавӣ, хониши аъло ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ лоиқи раҳматнома гардида буданд, дар ҳузури иштирокдорони ҷаласа сазовори таҳсинҳо шуданд.
Ояндаи пурифтихори мо ин интизоми хизматии хуби курсантон – кормандони шоистаи ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Барои тарбияи курсантон дар факултет якчанд чорабиниҳо аз рӯи нақшаи факултет баргузор мегардад. Аз ҷумла, соатҳои тарбиявӣ, яъне кураторӣ, соатҳои худомӯзӣ ва ба монанди инҳо. Инчунин, якчанд комиссияҳои назоратии доимиамалкунанда: кураторон, сардорони шуъбаву шуъбачаҳо, сардори бахшҳо ва дигарон ширкат меварзанд, ки барои тарбияи ҳар як курсант масъуланд.
Лозим ба ёдоварист, ки риояи қатъии интизом ва таваҷҷӯҳ ба таҳсилоти курсантон азҷумла ташкили чунин ҷаласаҳо барои пешрафти таълиму тарбиявии хатмкунандагон бевосита мусоидат намудааст. Ӯ дар баромади худ рӯй ба курсантон оварда чунин қайд кард: “Миллати тоҷик ба хубӣ медонад, ки тинҷию оромӣ бар ивази чӣ қадар ҷонбозиҳои фарзандони сарсупурдаи миллат ба даст омад. Дар таъмини амният ва расидан ба сулҳи деринтизор саҳми фарзандони баору номуси Ватан назаррас аст ва шумо низ савганд ёд намуда ваъда додаед, ки яке аз чунин фарзандони Ватан мешавед. Ҳар яки шумо бояд боварӣ ҳосил карда бошед, ки хондан меҳнати пурмашаққату сермасъулият аст, зеро донишу малакаи дар ин даргоҳ аз худ кардаатон дар фаъолияти хизматиатон амалӣ хоҳад шуд ва танҳо муносибати масъулиятнок, бозомӯзӣ ва сайқали дониш метавонад омили камолоти хизматии Шумо шавад.”
Дар охир қайд гашт, ки дар иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фаразандон”-ро ҳар яки мо бояд бо масъулияти баланд ва ҷавонмардона кӯшиш намоем. Агар аз пайи парвариши дурусти ниҳол набошем, решаи ниҳол хушк мешавад ва ҳосиле аз он ба даст намеояд. Фарзанд низ монанди ҳамин ниҳолест, ки дар натиҷаи бемасъулиятиву беназоратии бузургсолон тарбияи нодуруст дида, ҳамчун ашхоси бадкирдору зараррасони ҷомеа ба воя мерасанд.
Ташкили ҳамин гуна чорабиниҳо бо гузашти ҳар се моҳ ба нақша гирифта шуд, ки албатта ба манфиати кор мебошад.

Шарипова Маҳбуба – корманд-мутахасисси калони маркази
тестии қисми таълимии факултети №4
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, прапоршики милитсия

Мо дар Telegram