Тангаҳои ҷашнии Истиқлолият ва СҲШ

Ба муносибати 30-солагии Истиқлояти Тоҷикистон ва 20-умин солгарди таъсисёбии Созмони Ҳамкории Шанхай тангаҳои ҷашнӣ ба муомилот мебарорад. Ин ташаббусро бонки миллии Тоҷикистон ба  АМИТ “Ховар” гуфт ва ҳукумати кишвар рамзҳои ин тангаҳоро муайян намудааст. 

Тангаҳои аз сангу металҳои қимматбаҳо таёршуда ба меҳмонони воломақом ва дигар иштирокмандони ҷаласаи тантанавӣ тақдим карда мешавад.

Ҷаласаи тантанавии 20-умин солгарди таъсисёбии СҲШ дар Тоҷикистон дар баробари дигар ҷашнҳои сиёсии кишвар, ба нақша гирифта шудааст ва Тоҷикистон мизбони ин созмон дар соли 2021 мебошад.

Қаблан рамзи 20 солагии Созмони Ҳамкории Шанхай аз тарафи ҳукумат тасдиқ шуда буд ва имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе сохтмони қасрҳои расмии кишварҳои аъзои созмон, як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ, филмҳои ҳуҷҷатӣ ва конфронсу семинарҳо ба анҷом расида истодаанд.

Тангаҳои ҷашнии Истиқлолият ва СҲШ

Раиси Бонки рушди Авруосиё дар Душанбе

Мо дар Telegram