Тамринҳо дар як хадамоти вилояти Хатлон

Тамринҳо дар як хадамоти вилояти Хатлон

Рўзҳои  29 — 30 марти соли ҷорӣ намояндагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хадамоти «Коркарди санитарии одамон ва безараргардонии сару либос»-и вилояти Хатлон ва воҳидҳои сохтории он машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар мавзӯъи «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи  граждании хадамот ҳангоми ба амал омадани ҳолати фавқулодда (паҳн гардидани бемориҳои сироятӣ)»  гузарониданд.

Дар ин тамрин 463 нафар ва 13 адад нақлиёт ҷалб гардида, дар ҷараёни он корҳои поксозӣ бо истифода аз маҳлулҳои  гипохлориди  калсий  гузаронида  шуданд. 

Ҳадаф аз роҳандозии чунин тармринҳо санҷиши омодагиҳои хадамоти дахлдор ба ҳар гуна ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ буд. 

Мо дар Telegram