Таманниёти Сафири Россия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ба овозхон Манижа

Сафири фавқуллода ва мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов назари худро оиди иштироки Манижа дар “Евровидение-2021” баён кард дар саҳифаи Фейсбуки сафорат.

Сафир овозхони тоҷикнажодро бо дарёфти роҳхат ба ин озмун табрику таҳният гуфта, ба ӯ муваффақият таманно намуд.

Матни табрикот дар зер оварда шудааст.

“Овозхони русу тоҷикро, сафири некхоҳонаи Дафтари Комиссари Олии СММ оид ба гурезагон Манижу Сангин, ки рӯзи 8 март дар барномаи миллии мустақим дар Шабакаи аввал барои иштирок дар озмуни сурудҳои Eurovision 2021 ғолиб омад, табрик менамоем. Далели он, ки тамошобинони рус сарояндаи боистеъдодро дастгирӣ карданд, бори дигар аз робитаҳои мустаҳками дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳои мо шаҳодат медиҳанд. Мо ба Манижа дар сабқат комёбиҳо таманно дорем ва пирӯзии ӯро бесаброна интизорем!”

Мо дар Telegram