Талаби маблағи 18.000 сомонӣ барои дохил намудан ба Донишкада

 

Талаби маблағи 18.000 сомонӣ барои дохил  намудан ба ДонишкадаАсоев Искандар Сайдуллоевич дар вазифаи нозири гурӯҳи назорати давлатии зидди сухтори Қисми мустақили 17-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳофизати шаҳри Ҳисор кор карда истода, бо истифодаи мақоми хизматӣ бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ, барои ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил намудан аз шаҳрванд “А” маблағи 18.000 сомонӣ талаб кард.

Санаи 22 июли соли 2020 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Асоев И.С. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 18000 сомонӣ дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд.

Дар ин асос нисбати Асоев И.С. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

 

 

         Маркази матбуоти Агентӣ.

Мо дар Telegram